07:35:29 02-уми Июли 2025 сол

«Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ»...

Китоби навбатии Султони Ҳамад дар бораи хунёгари машҳур Аҳмад Зоҳир таҳти унвони «Аҳмад Зоҳир садои ишқасту дилтангӣ» дар арафаи таҷлил аз 72-юмин зодрӯзи Аҳмад Зоҳири шаҳид омодаи чоп шуд.

Ин китоб асосан маҷмӯаест иборат аз хабару лавҳа, мақолаву мусоҳибаҳо оиди рӯзгор ва осори ин овозхони нотакрори замони мо, ки муаллиф барои расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ тӯли солҳои зиёд таълиф ва таҳия намуда ба нашр расондааст. Як қисме аз мавод махсус барои ҳамин китоб навишта шудаанд ва бори аввал дар ҳамин китоб ба табъ мерасанд. Маълумоти бештареро дар бораи муҳтавои ин китоб шумо, дӯстони азиз, аз сарсухани муаллиф ба ин китоб, ки ҳоло дар ин ҷо бознашр мешавад, пайдо карда метавонед.

4. Ахмад Зохир садои ишкасту дилтанги 04

Барои хондани китоб, болои акс зер кунед!