05:16:30 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Се тилло ва як нуқраи варзишгарони тоҷик дар Колорадои ИМА

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Осиёву Уқёнуси Ором оид ба таэквон-до WTF дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико се медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки дар иёлати Колорадо баргузор шуд, ба ғайр аз варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон, ҳамчунин, таэквондочиёни Филиппин иштирок доштанд.

farhod-nematov-26042013Ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон - Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг ва Алишер Гулов дар вазни беш аз 80 кк, инчунин, Хусрав Ғиёсов, дар вазни то 68 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Варзишгари дигари тоҷик Далер Латипов, ки ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Дар ин бора ба мо аз Федератсияи таэквон-до (ВТФ)-и Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои ин манбаъ аз моҳи январи соли равон таэквондочиёни тоҷик дар Колорадо таҳти раҳбарии мутахассиси тоҷик Комил Латипов, ки аз соли 2005-ум инҷониб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сар мебарад ва сармураббии дастаи мунтахаби иёлати Колорадо мебошад, тамрин мекунанд.

Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамзамон ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до WTF, ки  моҳи июл дар Мексика баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi