02:09:38 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ДМТ ДАР ТАРБИЯИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН ЯК ҚАДАМИ ДИГАР БА ПЕШ МЕГУЗОРАД

Баъди хатми курси семоҳаи омӯзишии маҳорати наворбардориву сабти барномаҳои телевизионӣ донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал нахустин гузоришҳои телевизионии таҳия намудаашонро дар ҳузури устодону журналистони касбии кишвар ба намоиш мегузоранд. Гуфта мешавад ин курс дар пояи студияи таълимии факултаи журналистика роҳандозӣ шудааст. Барои дарёфти маълумоти бештар хабарнигори «Рӯзгор» сӯҳбате дошт бо мудири студияи таълимии телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зафари Аскар, ки ба ин қарор буд.

/images/stories/2013/02/14_1-musohib_140213.jpg-Бо ташаббуси кӣ ин курси омӯзишӣ гузаронида шуд?

-Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, садорати факулта  ва Ташкилоти ҷамъиятии «Созмони рушди журналистони ҷавон». Донишҷӯёни мо давоми се моҳ нозукиҳои наворбардориву танзими барномаҳои телевизиониро аз мутахассисон омӯхтанд ва ман гумон мекунам, ки  ин ба фаъолияти ояндаи онҳо таъсири калон мерасонад.

Ҳадафи мо баланд бардоштани сатҳи малакаи донишҷӯёнамон  аст. Баъди ба кор оғоз кардани Студияи таълимии телевизиони факулта мо дарк кардем, ки донишҷӯёни мо агарчӣ саводи хуби назариявӣ доранд, аммо дар амалия то ҷойе заиф ҳастанд. Дар рӯзҳои аввали таъсиси студия донишҷӯёни мо аз лиҳози истифодаи техникаи телевизионӣ бетаҷриба буданд ва ин ба кори мо душворӣ пеш меовард.

Баъдан мо бо раёсати донишгоҳ ба қароре омадем, ки ҳамин гуна як курси омӯзишии марбут ба ҳунари техникии телевизион ташкил намоем. Он донишҷӯёне, ки аз ин курси омӯзишӣ гузаштанд,  гумон мекунам нозукиҳои аслии ин ҳунарҳоро омӯхтанд ва акнун метавонад мустақилона ва бе ҳеҷ мушкил дар студияи таълимии мо маҳораташонро боз ҳам сайқал диҳанд.

-Чанд муддат пештар дар шабакаи «Ҷаҳоннамо» барномаеро бо номи «Паёми Донишгоҳи миллӣ» тамошо карда будам. Он маҳсули заҳмати студияи шумо буд?

- Аввалан бояд қайд кунам, ки студияи таълимии мо бо тамоми таҷҳизоти лозимаи муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Раёсати донишгоҳ соли гузашта  аз фонди махсуси донишгоҳӣ беш аз 400- ҳазор сомонӣ барои студияи мо ихтисос дод, ки ин маблағи кам нест. Ин кор бо ташаббуси собиқ ректори ДМТ Нуриддин Саидов роҳандозӣ шуда буд.

/images/stories/2013/02/14_2-musohib_140213.jpgБаъдан устодони дигар ҳам бо маслиҳатҳояшон ба пешрафти кори мо мусоидат карданд ва ҳамин тавр соли гузашта расман студияи мо фаъолияташро оғоз бахшид. Баъдтар мо тасмим гирифтем, ки ҳар моҳ барномаеро аз ҳаёти устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо номи «Паёми Донишгоҳи миллӣ» омода намуда тариқи шабакаи «Ҷаҳоннамо» намоиш диҳем.

-Барои густохӣ узр, лекин барномаатон бисёр якранг буд…

-Шояд барои он ба назари Шумо якранг тофта бошад, ки аксари сужаҳояш аз конфронсу чорабиниҳои сатҳи донишгоҳӣ нақл мекарданд. Эроди Шумо ҷон дорад. Албатта он барномаҳо оғози фаъолияти мо буданд ва мо мефаҳмидем, ки он қадар хуб ҳам нестанд.

Лекин танҳо барои ҳавасмандгардонии донишҷӯёнамон он барномаҳоро ба «Ҷаҳоннамо» пешниҳод кардем, то донишҷӯён бубинанд, ки гузоришҳои омода намудаашон дар шабакаҳои телевизионӣ пахш мешавад ва дилашон ба ин касб гарм шавад. Аммо чизи дигарро ҳам бояд қайд кунам, ки ин як студияи таълимӣ аст ва кори он кори донишҷӯ. Дар ин ҳолат гумон мекунам албатта бе камбудӣ намешавад.

-Хатмкардаҳои ин курси омӯзишие, ки дар боло зикраш рафт, шояд дар оянда кори студияи шуморо ҷонноктар карда тавонанд. Шумо чӣ андеша доред?

/images/stories/2013/02/14_3-musohib_140213.jpg-Албатта, мо ҳам ба ин умед дорем ва мақсади мо ҳам аз баргузор намудани ин курси омӯзишӣ дар хамин буд. Шурӯъ аз моҳи оянда мо мехоҳем барномаи тозаеро бо номи «Падида» таҳия намоем. Кӯшиш мекунем, ки мавзӯҳои ин барнома  ҷолиб, гуногунжанру рангоранг бошад. Барномае бошад, ки шукӯҳу шаҳомати Донишгоҳи миллиро, ки муассисаи таҳсилоти олии рақами яки Тоҷикистон аст, инъикос карда тавонад.

-Шумо дар журналисика собиқаи корӣ доред ва ҳамчунин устоди факултаи журналистика ҳам ҳастед. Оё фаъолияти ин студия ба рафти омода намудани журналистони оянда таъсири назаррас расонида метавонад?

-Бале, метавонад. Чунки барои журналисти хуб будан танҳо дониши назариявӣ кофӣ нест. Дониши назариявӣ ҳам муҳим аст, аммо бояд он дар амалия татбиқ шавад. Масалан бисёр журналистонеро медонам, ки дониши назариявии хуб доранд аммо ягон маводи ҷолиб навишта ё таҳия карда наметавонанд. Дар замони мо барои факултети журналистика надоштани студияи таълимӣ айб аст.

То замони ташкили студия устодон фақат аз назария сухан мегуфтанд, имрӯз аллакай назария ба амалия пайваст шудааст, ки он натиҷаи самарабахш хоҳад дод. Ман гумон мекунам фаъолияти студияи таълимии мо  ин як қадами устувори дигари факултаи журналистикаи ДМТ дар тарбияи журналистони ҷавон аст. Ва ба гумонам ягон донишгоҳи дигар дар кишвар мисли студияи мо лабараторияи хубе барои журналистони ҷавон надорад.

-Хуб ташаккур устод! Ба Шумо дар роҳи омода намудани журналистони ҷавон комгорӣ мехоҳем…

Баҳманёр, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi