19:22:21 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚАДРДОНИИ БЕҲТАРИНҲОИ ФУТБОЛИ ТОҶИК

Дирӯз, 5-уми феврал дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигарон ва мурраббиёни соли 2012-умро муаррифӣ карда, онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳо қадрдонӣ намуд.

/images/stories/2013/02/06_rustami-emomali-060213.jpgДар оғози ин маросим муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, варзишгаронро бо муваффақияташон таҳният гуфтанд.

Маросими ҷоизасупорӣ бо супоридани медал ва ҷомҳо ба ғолибони лигаи аввали футболи  кишвар, дастаҳои «Панҷшер», «Саройкамар» ва «Ҳулбук» - вилояти Хатлон оғоз гардид.

Баъдан беҳтаринҳои мавсими соли 2012 муаррифӣ шуданд:

Беҳтарин дарвозабон - Алишер Туйчиев («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳимоятгар – Ҳасан Рустамов («Равшан»)

Беҳтарин  нимҳимоятгар - Нуриддин Давронов («Истиқлол»)

Беҳтарин ҳамлагар - Комил Саидов («Регар ТадАЗ»)

Ҳамчунин  Маъруф Рустамов муваффақтарин мураббӣ ва Раҳмон Муртазоев  беҳтарин довар дониста шуданд.

Унвони «Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2012»-ро Дилшод Восиев, ҳамлагари дастаи «Истиқлол» соҳиб шуд, ки дар мавсими  гузашта аз ҳама бештар ба дарвозаҳои ҳарифон тӯб ворид кардааст.

Ҳамчунин дар анҷоми маросим ба беҳтарин дастаҳои лигаи олӣ - «Равшан»-и Кӯлоб, «Регар-ТадАЗ» - Турсунзода ва «Истиқлол» - Душанбе медалу мукофотҳо супорида шуд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi