10:03:04 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАВЗУНА ЧОРИЕВА: “ҲАМИН НАБАРДИ МАН БА ТАМОМИ ЗАНҲОИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА МЕШАВАД”

Мавзуна Чориева дар даври чаҳорякниҳоӣ дар вазни то 60 кг пирӯз шуд ва ҳадди ақал соҳиби медали биринҷӣ мешавад. 6-уми август Чориеваи 19-сола бо Ченг Донги 25-сола аз Чин, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон (солҳои 2008-ум ва 2010-ум) рақобат кард.

/images/stories/2012/08/06_mavzuna_chorieva_060812.jpgБо вуҷуди он ки қади Ченг Донг нисбат ба Мавзуна 17 сантиметр баландтар аст (қади Чориева 1 м 60 см мебошад), дар ин қувваозмоӣ муштзани тоҷик кӯшиш мекард, ки зарбаҳояш ба ҳадаф расанд. Қувваозмоии пуршиддат бо пирӯзии Мавзуна Чориева аз рӯи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) поён ёфт.

-Ҳамин лаҳзаҳо бозии шумо тамом шуд ва мо вақте ин набарди шуморо бо рақиби чиноӣ тамошо мекардем, чунин ба назар мерасид, ки гӯё гоҳо зарбаҳои шумо сахту ҳадафманд набуд? То куҷо ба шумо ин пирӯзӣ осон даст дод?

-Ҳама варзишгароне, ки ба Олимпиада омаданд, беҳтаринҳо буданд. Вале ман ба як чиз боварӣ доштам, ки, ба худо, ба самимияти ман бовар кунед, ки дурӯғ намегӯям, 8 миллион дар қафои мананд. Ман ба худ чунин гуфтам, ки бояд ба тамоми дунё нишон диҳам, ки зани тоҷик чӣ гуна аст.

Бале, душвор буд, хеле душвор буд. Чунки қади ӯ 1,80 см буд, аз ман  1,59 см. Дастони ман ба ӯ бо душворӣ мерасид. Ман кӯшиш кардам, ки осон занам. Бисёр чусту чолокӣ кардам, азобаш додам, ба сараш гизалагӣ кардам, ки ӯ ба сари мар биёяд. Валекин ҳамаи ин дар дасти худованд буд. Аз ман меҳнат буд ва баракаташро ман аз худованд дидам.

-Мавзуна, вақте шуморо пирӯз эълон карданд, шумо ба зону шиштеду чашмонатонро пӯшидед. Аз дили шумо он лаҳза чӣ гузашт?

-Он лаҳза, бовар кунед, ман орзуи падарамро ба ҷо овардам. Ман шукрона мегӯям, ки ба орзуи ҳаваси доштаам расидам. Ман орзу доштам, ки дар Олимпиада иштирок кунам, ман омадам. Орзу кардам, ки ба ватан ақаллан бо як медал баргардам. Ман дар он лаҳза шукронаи Оллоҳ кардам.

-Мо орзу мекунем, ки ин танҳо нуқтаи аввали пирӯзиҳои шумо бошад ва дар оянда нишонҳои нуқраву тиллоро ба даст оваред. Дар ин замина шонси худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Иншооллоҳ, ман барои ин кӯшиш мекунам. Ман пеш аз баромадҳои дигар дигар зиёд гуфтан намехоҳам. Ман каме аз китфам ҷароҳат бардоштаам. Худо хоҳад, инро бояд муолиҷа кунам. Умедворам, ки худованд беиқболам намекунад.

-Оё дар ҷараёни бозӣ дар ринг дар вақти танаффус кӣ хизмати шуморо ба ҷо меовард? Кӣ шамол медоду обатон медод?

-Устодам Мирзо Шамсиев. Он кас мисли падарам ҳастанд. Дар ринг об ҳам медоданд, раҳнамоӣ мекарданд, мегуфтанд, ки бо ин рақибам бо кадом роҳи осон бояд мубориза барам.

-Дар давоми ду рӯзи баъдии дигар то рақобати навбатӣ чӣ мекунед?

-Аз ин ҷо, ки баромадем, сабтҳоро тамошо мекунем ва ҷойҳои нозуки рақибро бояд омӯзем.

-Дар ин лаҳзаҳо ба модар ва азизони дигари худ, ки дар Кӯлобу Душанбе ва дигар нуқоти Тоҷикистон барои шумо ҳаводорӣ мекунанд, чизе гуфтанӣ ҳастед?

-Ман тамоми халқи Тоҷикистонро дӯст медорам. Тамоми кӯшише, ки ман мекунам, ман бояд нишон диҳам, ки як духтари тоҷик ҳастам. Ман иншооллоҳ сари модарамро боз ҳам баландтар мекунам, ростӣ, намедонам, ки он кас ҳоло чӣ ҳис мекунанд. Ман дӯст медорам Тоҷикистонро, ин барои ман бас аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi