12:39:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

АНВАР ЮНУСОВ ДАР РЕЙТИНГИ АIBA ПЕШҚАДАМ АСТ

Анвар Юнусов, муштзани маъруфи тоҷик, дар рейтинг ё феҳристи навини Созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) дар вазни то 56 кг дар ҷойи аввал мебошад.

/images/stories/2012/04/24_anvar-younusov-24412.jpgДар нӯҳ вазни дигар соҳибони ҷойҳои аввал инҳоянд: Ен Хун Шин (Кореяи Ҷанубӣ) дар вазни то 49 кг, Миша Алоян (Русия) - то 52 кг, Яснел Толедо (Куба) - то 60 кг, Томас Ли Сталкер (Инглистон) – то 64 кг, Тарас Шелестюк (Украина) – то 69 кг, Евгений Хитров (Украина) – то 75 кг, Хулио Сезар Лакруз Пераза (Куба) – то 81 кг, Теймур Маммадов (Озарбойҷон) – то 91 кг ва Муҳаммадрасул Маҷидов (Озарбойҷон) – беш аз 91 кг.

Ёдовар мешавем, Анвар Юнусов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар вазни то 56 кг бо медали биринҷӣ сарфароз шуд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Лондон гардид. Вай, инчунин, порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Инчҳони Куриёи Ҷанубӣ медали тилло ба даст овардааст.

Бояд гуфт, Анвар барои дувумин бор соҳиби роҳхати олимпӣ шудааст. Ӯ соли 2008-ум дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 51 килограмм байни панҷ муштзани беҳтарини дунё ҷойгир шуда буд. Бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзиши кишвар Анвар Юнусов  беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2011-ум эълон шудааст.

Устоди дараҷаи байналмилалӣ Анвар Юнусови 25-сола имсол дар бокси ҳирфаӣ дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар ҳайати бошгоҳи “Динамо”-и Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. “Динамо” дар даври ниҳоӣ рӯзи 2-юми май бо бошгоҳи “Dolce & Gabbana Milano Thunder”-и Итолиё қувваозмоӣ хоҳад кард.

Анвар Юнусов ба “Озодӣ” гуфт, “ман бар асоси қарордод бо бошгоҳи  “Динамо” то моҳи май дар шаҳри Маскав тамрин мекунам, дар мусобиқот ширкат меварзам ва ҳамзамон ба Бозиҳои олимпии Лондон омодагӣ мебинам. Орзуи ман ба даст овардани медали олимпӣ мебошад.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi