09:53:07 05-уми Июни 2025 сол

ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ПАРАЛИМПИАДАИ ЛОНДОН РОҲХАТ ГИРИФТ

Парвиз Одинаев, варзишгари тоҷик, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои паралимпии соли 2012-ум дар Лондон мушарраф шуд.

/images/stories/2012/04/13_varzishgari-rojik-1312.jpgӮ дар сабқати интихобии ҷаҳонӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар риштаи пауэрлифтинг (вазнабардорӣ) дар рақобатҳо дар вазни 82 кг мақоми чаҳорумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон шуд. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки мавқеашро дар рейтинг ё феҳристи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд.

Варзишгари маълули тоҷик авохири соли гузашта низ дар сабқати интихобӣ, ки дар Дубай баргузор шуд, мақоми дувумро касб карда, дар  феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифта буд. Ҳамон замон Парвиз барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Лондон заминаи боэътимод гузоштааст.

Ширинҷон Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “Бозиҳои XIV паралимпӣ аз 29-уми август то 9-уми сентябри соли равон дар Лондон доир хоҳанд шуд. Ба барномаи Паралимиада 20 намуди варзиш шомил аст, аз ҷумла варзишгарон дар навъи пауэрлифтинг барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.”

Ҷаноби Мамадсафоев афзуд, варзишгари тоҷик Парвиз Одинаев барои бори дувум ба Паралимпиада роҳхат гирифтааст. Ӯ аввалин бор соли 2004-ум дар Бозиҳои паралимпӣ дар Афинаи Юнон ширкат карда буд.

Парвиз Одинаев ба мо гуфт, “ман барои дарёфти роҳхати олимпӣ кӯшиши зиёд кардам ва бовар доштам, ки ба натиҷаи мусбат ноил мешавам. Муваффақияти ман ба устодонам Толеъ Холназаров ва Олим Парпиев бастагӣ дорад, ки аз онҳо муташаккирам. Инчунин ба Ширкати “Babilon-Mobile”, ки харҷи сафари маро ба Дубай пардохт намуд, изҳори сипос мекунам. Ман ба Бозиҳои паралимпӣ дар Лондон хуб омодагӣ мебинам ва умедворам, ки муваффақ мешавам.”

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854