09:41:05 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КОМЁБИИ ЧАҲОР БОКСЧИИ ТОҶИК

Дар шаҳри Милани Италия мусобиқоти қаҳрамонии боксчиёни ҷаҳон давом дорад. 

Рўзи 04.09.09. боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов бо варзишгари Словакия Борут Слапник қувваозмоӣ карда, ӯро бо ҳисоби калони 12:0 мағлуб кард. Ҷ.Қурбонов ба ҳарифи худ имкон надод, ки ба ҷисми ӯ ягон маротиба зарба занад. Қувваозмоии навбатии Ҷ.Қурбонов 6 сентябр барпо мегардад. Боксчии дигари тоҷик Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни 69 килограмм бо намояндаи Ҷумҳурии Африқои Марказӣ Бруно Бонгонго қувваозмоӣ карда, ӯро мағлуб намуд.

 

Қувваозмоии навбатии ӯ ба рӯзи 6 сентябр таъин гардид. Ин дафъа Ҷ.Убайдуллоев бо Торден Киллер қувваозмоӣ хоҳад кард.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди се рӯзи мусобиқаи мазкур дастаҳои мунтахаби Австрия, Туркманистон, Чили, Боливия, Панама, Индонезия, Непал, Шри – Ланка, Малта, Самоа, Полинезия, Фиҷи, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайра тамоми қувваозмоиҳоро бой дода, аз мусобиқа хориҷ гардиданд. 

Қисми зиёди варзишгарони мамлакатҳои дигар низ мағлуб шуданд. Имрӯз қувваозмоиҳои мусобиқаро 4 варзишгар аз Кения, 2 варзишгар аз Ҷопон, 4 варзишгар аз ИМА, чор варзишгар аз Тољикистон. се нафарӣ аз Ҳиндустону Афғонистон, Босния ва Герсеговина, Белорусия, Маҷористон, Австралия, Урдун, Покистон, Гурҷистон ,2 нафарӣ аз Канада, Булғористон, Мексика, Албания, Украина, Испания, Чехия, ва ғайра давом медиҳанд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi