ЗУҲУРОВ: "ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК БОЯД БА ВАТАН БОЗГАРДАНД"
Иддаи зиёде аз варзишгарони маъруф Тоҷикистонро дар ду даҳаи ахир тарк карда ва дар дастаҳои варзишии кишварҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 феврал дар ҷараёни баррасии ислоҳоти Қонуни "Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" дар иҷлоси порлумон ба ин нукта таъкид карда ва хостори бозгардондани варзишгарони тоҷик ба ватан шуд.
Оқои Зуҳуров гуфт: "Бояд мо бо онҳо дидор карда ва бифаҳмем, ки чи хоҳиш доранд. Кӯшиш кунем, ки варзишгари тоҷик дар ҳамин ҷо, аз номи Тоҷикистон, қаҳрамон шавад. Чи қадар хароҷоте, ки дар ин роҳ аз ҷониби давлат ва миллат сарф мешавад, пӯшонда мешавад."
Дар ҳамин ҳол, Наргис Набиева, масъули бахши варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, гуфт, ки дар зарфи 5 соли ахир ҳеч варзишгари ҷавони тоҷик дар дастаҳои кишварҳои хориҷӣ ҳунарнамоӣ накардааст.
Ба гуфтаи хонуми Набиева, умдатан дар замони нооромиҳо дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 варзишгарони маъруф, аз ҷумла футболбозони дастаи машҳури "Помир"-и Душанбе, маҷбур ба тарки Тоҷикистон шуда буданд.
Аз ҷумла Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Бозиҳои Улампик аз зумраи варзишгарони саршинос буд, ки дар соли 1994 ба кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон рафта буд.
Толор гарон, варзишгарон дар куҷо тамрин кунанд?
Дар ҳамин ҳол, намояндагони порлумон аз камбуди толорҳои варзишӣ ва гарон будани қимати иҷораи ин гуна толорҳо барои тамрини варзишгарон шикоят карданд.
Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси ифтихории Федеросиюни ҳендболи Тоҷикистон, тими мунтахаби ҳендболи ин кишвар ба далели афзоиши баҳои иҷора имкони тамрин дар толорҳои шаҳри Душанберо надорад.
Оқои Кабирӣ гуфт, ки бахши аслии федеросиюнҳои варзишии Тоҷикистон аз буҷети давлат сармоягузорӣ нашуда ва умдатан тавассути кумакҳои молии соҳибкорон ё афроди дигари дӯстдори варзиш фаъъолияти худро пеш мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, дар бештари кишварҳои шӯравии пешин, назири Русия, Қазоқистон ва Ӯзбакистон федеросиюнҳо аз ҷониби давлат сармоягузорӣ шуда ва аз ин лиҳоз, дастовардҳои варзишии ин кишварҳо дар мусобиқоти байналмилалӣ чашмгир будааст.
Раиси ифтихории Федеросиюни ҳендбол афзуд, ки тими мунтахаби мардони ҳендболбоз дар мусобиқоти байналмилалӣ дар Покистон бо пули ӯ ширкат карда ва тими мунтахаби бонувон дар мусобиқоти кишварҳои исломӣ дар Эрон бо сармояи мизбонон имкони ҳунарнамоиро пайдо кардааст.
Ӯ аз давлати Тоҷикистон, бахусус, аз масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии ин кишвар даъват кард, ки ҳадди ақал ба тамрини ройгони тимҳои мунтахаб дар толорҳои шаҳри Душанбе мусоъидат кунанд.
Маликшо Неъматов, раиси ин кумита, ба навбаи худ гуфт, ки дар баргузории мусобиқоти тимҳои мунтахаб дар толору варзишгоҳҳо ба таври ройгон мушкиле вуҷуд надошта, аммо роҳҳои ҳуқуқии ҳалли тамрини ройгон дар толорҳои ниҳодҳои варзишӣ бояд ҷустуҷӯ шавад. Зеро ин толорҳо бо сармояи ниҳоди варзишӣ бунёд шуда ва ин махориҷ бояд талофӣ шавад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки масъулони толори марказии варзиши шаҳри Душанбе пас аз бозии дӯстонаи дастаҳои ҳендболи Тоҷикистону Афғонистон, ки дар он дастаи Тоҷикистон баранда шуд, дар канори ҳаққи иҷораи толор ҳатто барои боло кардани парчам ва пахши суруди миллии ин кишвар пул талаб кардаанд.
Ин намояндагони порлумон варзишгаронро сармояи миллӣ хонда ва гуфт: "Тоҷикистон, ки дастовардҳои иқтисодӣ надорад, хуб мебуд ҳадди ақал аз тариқи варзиш шинохта шавад."
Оқои Неъматов гуфт, ки дар пайи дидори Президент Раҳмон бо варзишгарон дар моҳи декабри соли 2010 таваҷҷӯҳ ба бахши варзиш бештар шуда ва танҳо дар соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор майдон ва 27 толори варзишӣ бунёд шудааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт: "Чун ин толорҳо бо маблағи буҷети давлатӣ сохта шудаанд, бояд таҳқиқ кард, ки варзишгарон аз ин таъсисоти варзишӣ ба таври ройгон истифода кунанд."
Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ гуфтанд, ки бар асоси дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон "толорҳои мавҷудаи варзишӣ бояд ба дастаҳо ва федеросиюнҳои варзишӣ барои тамрин пешниҳод шавад."
Аммо вай ташреҳ надод, ки аз ин толорҳо ба таври ройгон истифода хоҳад шуд ё хайр.
Би-Би-Си