17:02:07 19-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҶАВОНОНИ ҶИНОЯТКОРРО ХУДИ МО ПАРВАРИДАЕМ

Вақте, ки унсурҳои манфӣ дар ҷомае ҷойгоҳи арзишҳои умумиинсониро танг мекунанд, бад бар нек ғолиб меояд, сиёҳ ҷойи сафедро мегирад, бидуни шак ин ҷомеа мариз аст ва ниёз бар муолиҷа дорад. Ва муолиҷаи асарбахш низ аз худи аҳли ин ҷомеа вобастагӣ дорад, зеро ҳар фарде дарди бадани худро худаш  эҳсос мекунад ва пайи табобаташ мешитобад.

drakaИмрӯз ҳафтае нест, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ё дар хориҷ аз он, чанд нафаре бо ҷурми даст доштан дар ин ё он ҷиноят боздошт нагарданд. Мутаассифона, аксарияти онҳо ҷавононанд. Онҳоеанд, ки мо ояндаи худ мехонемашону қабл аз даст задан ба ҷиноят дар оилаи мо таълим гирифтаанд, дар мактаби мо дарс хондаанд ва дар масҷиди мо намоз гузоридаанд. Пас айб бар дӯши кист? Чаро оне, ки ҳамеша дар канори мо буд, даст бар ҷиноят зад?

Айбдорро аз берун ҷустан нашояд, чунки худ гунаҳгорем. Мо натавонистем аз овони туфулият эҳсоси масъулияту эҳтиромгузориро бар обрӯю манзалати хонаводагӣ дар майнаи поку равнақнаёфтаи фарзанди худ ҷой кунем. Мо натавонистем дар мактаб бартарияти арзишҳои некиро бар бадӣ  барояш собит созем, авлавияти хизматро бар оила, мардуму миллати хеш болотар аз нафсу талаботҳои худу гурӯхи кӯчаки ҷинояткор нишон диҳем, ҳисси инсондӯстию ватанпарастиро дар шуури ӯ инкишоф диҳем.

Мо натавонистем дар масҷид фарқ кардани ҳалолро аз ҳаром бар ӯ биомӯзем. Баръакс дар наздаш хайроти аз аҳли ҷино расидаро бо чеҳраи кушод пазируфтем, баҳри тавфиқу баракати бештарашон дасти дуо бардоштем. Бо итминони комил мегӯям, кам масҷидеро дар Тоҷикистон пайдо кардан мумкин аст, ки «кӯмак»-у «хайрот»-и ҷинояткоре дар сохтмону тармиму таъмири он ворид нагашта бошад.

Як дафъа масҷиди маҳалли худро ба ёд ореду наркобарони ҳамсояатонро, ҳоҷат ба инкори ин навишта нахоҳад монд. Аксари унсурони ҷинояткор маҳз дар масҷид ва бо дуои имомхатибони худамон унвонҳои «сахӣ»-ю «ҳимматбаланд»-у «дасткушод»-ро соҳиб шудаанд. Ана ҳамин гурӯҳи пулмасти ҶИП-савор, имрӯз тимсолу ормони парастишу пайравӣ барои ҷавонони мо гаштааст.

Таъсири инҳо ончунон зиёд гаштааст, ки дар ду ҳафтаи охир фақат мешунавем як донишҷӯро аз Донишгоҳи Хоруғ, ин донишҷӯро аз Донишгоҳи Хуҷанд, фалон донишҷӯро аз Донишгоҳи Душанбе бо маводи мухаддир дастгир кардаанд. Аз ҳамин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки устоди имрӯзаи мо то кадом андоза ба шогирди худ таъсиррасон аст. Имонам қавист, ки боз ҳамин донишҷӯ дар назди устод нисбат бар дигар шогирдон бартарият дорад. Зеро дар ивази баҳои санҷишу имтиҳонот қисмате аз пули бо роҳи ҷиноӣ дарёфткардаашро таслими устод мекунад.

Баъди ҷаласаи солона дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзе нест, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ё якчанд ҷавоне бо маводи мухаддир боздошт нагардад. Дар бораи он ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик, ки бо ҷурми дастдорӣ дар ҳамин ҷиноят пушти панҷараҳои зиндонанд, хомӯш биистем авлотар аст. Маҳз вуҷуди ҳаминҳо имкониятро фароҳам сохтааст, ки ҳар сиёсатмадори миллатгарои бехираде чун Жириновскию Рогозину Ройзману Онишенкою ғайра симои тоҷики меҳнатқарину ранҷбарро дар назари садҳо миллион сокини Русия чун паҳнкунандаи «марги сафед» мунъакис созанд.

Чаро ҷомеа дар мубориза бар ин ҷинояте, ки ҳамарӯза даҳо ҷавонони моро бар коми худ мекашад, хомӯш аст? Дар масҷиду хона батакрор аз бобати ҳаром будани шароб ҷор мезанему дар бораи маводе, ки якеро соҳиби пули бедарди миён, даҳҳоро пушти зиндон, садҳоро куштаву хонавайрон ва миллионҳоро сағиру бева мегардонад, чаро ҳарфе намезанем? Ё метарсем? Ҳақиқатан метарсем. Метарсем, ки дигар аз пулу хайроти ӯ бенасиб мемонем.

Куштори Парвизи 23-соларо аз дасти ҳамсолони худаш ба ёд оред. Ҷавонеро барои он куштанд, ки либоси Бобои барфиро ба бар кардаву ба табрики наздиконаш мешитофт. Бо касе кораш набуд. Ҷомеа хомӯшӣ ихтиёр кард. Масҷид ҳамин, ки ахбор дар бораи «ту кофир»-гӯён куштани Парвиз паҳн шуд, ба ҳимояи ислом бархост. Онро иғвои навбатӣ хонданд. Касеро бо ҷони аз даст рафтаи як ҷавони аз сад гулаш якаш ношукуфта коре набуд. Кушандагон чунин суханеро гуфта буданд ё не муҳим нест, далели раднопазир он аст, ки Парвизро барои либоси танаш куштанд.

Хоҳ-нохоҳ ҷустуҷӯи ҳақиқат моро ҷониби ҳамон тарбияи барғалати диние мебарад, ки ба ин ҷавонон дар чанд соли охир додем. Агар чунин аст ва мо худиро барои ба бар кардани либоси бегона (бегона ҳам нест, вале ин мавзӯи дигар аст) мекушем, чи ҳақ дорем, ки тоссарҳои ваҳшию миллатгароёни русро дар куштани ҳаммиллатони худ гунаҳгор созем? Чунин муносибат баробар бо гуфтаи Хайём нест, ки «Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ, Пас фарқ миёни ману ту чист? Бигӯ!».

Кӣ кафолат дода метавонад, ки соли оянда боз Бобои барфиро намекушанд? Ҳеҷ кас! Зеро на дар мактаб, на дар донишгоҳ, на дар масҷид ин ҳодисаи нангин мавриди маҳкумият қарор нагирифт. Ҳама қаноат бар он доранд, ки ашхоси гунаҳгор аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуданд ва ҷазои додгоҳӣ мегиранд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки ҷавонони мо дигар ба одамкушӣ, дуздию ғорат, қочоқу паҳн намудани маводи мухаддир даст намезананд? Ҳеҷ кас! Танҳо ҷомеа, худи ману Шумо дар оила, дар мактаб, дар донишгоҳ метавонем пеши роҳи ба сӯйи ҷиноят гаройидани ҷавононро гирем.

Масъалаи таъсири омилҳои ҷиноятпеша ба ҷавонон бояд ҳеҷ гоҳ моро ором нагузорад. Рӯҳия ва шеваи ҳаёти имрӯзаи онҳо бояд ҳамеша дар мадди назарамон бошад. Зеро ҳар пайроҳаеро, ки ҷавонон тавассути он ба сӯйи фардои худ гом мебардоранд, мо тавсия медиҳем. Агар ин роҳ рост аст, ӯ фардо ифтихори падару модару ёру ошно ва тамоми ҷомеа мегардад, агар на, хор дар чашми ҳама.

Самандари Мақсуд, омӯзгор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi