10:08:26 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 25 26 27 28 29
30            

USAID БА ҶАВОНОНИ ТОҶИК РОҲҲОИ ЛИДЕР ШУДАНРО МЕОМӮЗАД

Бино ба иттилое, ки аз дафтари матбуотии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба сомонаи «Рӯзгор» расид, Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути баргузории як силсила лагерҳои тобистона ва семинарҳо, ки онҳоро ширкаткунандагони Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС) ташкил намуданд, мекӯшанд то дар хислатҳои ҷавонони Тоҷикистон малакаҳои лидер шудан дар ҷомеъа инкишоф ёбанд.

/images/stories/2011/09/20_usaid_javonon_20.9.2011.jpgБарномаи мазкур театрро ҳамчун василаи эҷодӣ барои ҷалби сокинони деҳот дар муайян намудан ва ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти маҳал истифода мебарад. Иштирокчиёни калонсол ва ҷавонони барнома, ки ба воситаи ин усулҳо омӯзонида шудаанд, семинарҳо барои ҷавонони ҷамоатҳои худ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон ташкил мекунанд. То имрӯз, тавассути грантҳои хурд иштирокчиёни барнома 20 семинар оид ба Драмаи Тағйирдиҳии Низоъ (ДТН) ,гузаронданд ки зиёда аз 300 иштирокчиёнро аз вилоятҳои Суғду Хатлон ҷамъ овард.

Ин малакаҳо ба наврасон кӯмак медиҳанд, ки дар назди мактабҳояшон маҳфилхои драмавии худро ташкил намоянд. Ташкилкунандагон ва тренерон худ наврасону ҷавонони ҳамин деҳаҳо мебошанд, ки тобистони соли гузашта аз машғулияти Барномаи ТҶС гузаштаанд. Онҳо ин усулро барои эҷоди саҳначаҳо ва баҳсҳо дар мавзӯъҳои ҳалталаби маҳал истифода мебаранд.

Яке аз иштирокчиёни ҷавон дар мусоҳиба чунин гуфт: “Ба ман ин бозиҳо маъқуланд, чунки мо якдигарро қаблан намедонистем ва тавассути ин бозиҳо мо бо якдигар шинос шудем ва баҳсҳоро ташкил намудем. Аз ин рӯ ман хурсандам, ки маро ба ин машғулият интихоб намудаанд ва ман метавонам  маҳорати худро дар маҳфили драмавие, ки дар мактабамон ташкил мегардад, истифода барам.

Иштирокчии дигари машғулият низ қайд намуд, ки баъди иштирок дар машғулиятҳои барномаи мазкур аввали соли ҷорӣ, орзӯяш ин буд, ки ба чунин гурӯҳи наврасони роҳбар ҳамроҳ шавад. Иштирокчиёни Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” барои зиёда аз 10 ҳазор тамошобинон дар 80 деҳоти вилоятҳои Хатлон ва Суғд саҳначаҳо ба намоиш гузоштанд.

Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” яке аз барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба инкишофи байналмилалӣ мебошад, ки ба шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардидааст. Аз соли 1992 то имрӯз мардуми Амрико барои барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар сарф намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi