11:33:20 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРИ ДОНИШГОҲҲО БАРОИ ТОҶИКОНИ БОДКАНД БОЗ ШУД

Қарор аст ки як гурӯҳ хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон имсол ба донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Дар ин маврид Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба радиои Озодӣ иттилоъ дод. 

Вай гуфт, ки дар даҳсолаи ахир хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии кишвараш наметавонистанд, ки ба донишгоҳҳои Тоҷикистон барои идомаи таҳсил бираванд. Вай афзуд, ки ахиран созмони тоҷикон аз тариқи сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек як нома унвонии Вазорати маорифи Тоҷикистон ироа кард, ки ҷавонони тоҷики Қирғизистон ба донишгоҳҳои ин кишвар барои идомаи таҳсил бираванд. 

Ба гуфтаи Қодиршои Мурувват, ин нома посухи мусбӣ пайдо кард ва дар ҳамин ҳол 29 хатмкунандаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар филиали донишгоҳи давлатии Ботканд, воқеъ дар шаҳри Қизилқия, имтиҳонҳои дохилшавиро хоҳанд супурд. Дар ҷараёни имтиҳонгирӣ дар баробари омӯзгорони ин донишгоҳ омӯзгорони варзидаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон низ ширкат хоҳанд кард.

Гуфта шуд, ки бештари довталабон орзу доранд, ки ба донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва бархи дигари онҳо ба донигоҳҳои тиббӣ ва политехники Тоҷикистон шомил шаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҷавонон мактабҳои ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳраки Ҳайдаркон, мактаби миёнаи ба номи устод Садриддин Айни ноҳияи Қадамҷо ва ду мактаби тоҷикии деҳаи Андараки ноҳияи Лолаки вилояти Боткандро хатм кардаанд.

Як нуктаи дигар низ қобили зикр аст, ки бо саъйу кӯшиши дастандаркорони созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ 8 хатмкунандаи мактабҳои тоҷикии деҳаҳои Андарак ва Учқӯрғон, ҳамчунин ду хатмкунандаи мактаби тоҷикии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, ки марбути умҳурии Ӯзбекистон аст, ба факултаҳои мухталифи донишгоҳи миллии Қирғизистон бидуни озмун шомил карда шуданд. 

Гуфта мешавад, ин гуна иқдоми созмони тоҷикони Қирғизистон ҷиҳати ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ва шаҳри Бишкек шомил кардани фориғуттаҳсилони мактабҳои тоҷикӣ дар даҳ соли ахир барои нахустин бор ба вуқӯъ пайваст.

Рушанфикрони тоҷики муқими Қирғизистон ибрози умедворӣ карданд, ки ин анъанаи нек бояд давомдор бошад, то ки ҷавонони тоҷиктабори кишварашон битавонанд, баъди хатми мактаб таҳсилро дар донишгоҳҳои мӯътабари Тоҷикистон идома диҳанд.

Мирасрори Фарғонӣ, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi