16:40:52 02-уми Июни 2025 сол

САФИР ГРОСС БО ДОНИШҶӮЁН ВА РОҲБАРОНИ ҶАВОН ДАР ХОРУҒ ВОМЕХӮРАД

Сафири Иёлоти Муттаҳида Кен Гросс дар якҷоягӣ бо Консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ Абдулҳаким Ҳайдарӣ, Муовини якуми Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Орифшо Исмоилов, Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Мунир Мералӣ, корманди Бахши маълумоти миёнаи Вазорати маориф Зулфия Сафарова, Сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани ва Сафири Русия Юрий Попов дар маросими хатми Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ширкат варзиданд.

posolusa-gross12222.jpgБори нахуст аст, ки ММКД–ро гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон хатм мекунад. Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) таҳсили панҷоҳу ҳашт донишҷӯро дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор тибқи Барномаи маълумоти касбӣ-техникӣ дар Бадахшон (БМКТБ) маблағгузорӣ намуд, ки ин иқдоми муштараки USAID ва ДОМ мебошад.

«Маориф барои Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи афзалиятнок мебошад ва Иқдоми фаромарзӣ қисми муҳими кор ва иштироки мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Пуштибонӣ намудан аз Барномаи маълумоти касбӣ-техникӣ дар Бадахшон барои мо як роҳи муҳими расонидани таъсири бевосита аст ва мо аз дидори ин хатмкунандагони меҳнатдӯсти ҷавон дар маросими имрӯза хурсандем», қайд намуд Сафир Гросс.

 Дар доираи ин барнома шаст нафар донишҷӯ аз Вилояти Бадахшони Афғонистон соҳиби идрор барои омӯзиши забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, муҳосибӣ/хазинадорӣ дар ММКД-и Хоруғ гардиданд. Таълим ба забони дарӣ сурат гирифта тамоми барнома ва маводҳои таълимӣ низ бо ин забон омода гардиданд. Илова бар ин, сӣ донишҷӯ омӯзиши худро дар доираи барномаи касбомӯзии техникӣ дар ММКД Хоруғ ба итмом мерасонанд. Барномаи маълумоти касбӣ-техникии бурунмарзӣ дар Бадахшон инчунин барои таъсис додани Идораи Барномаи ММКД дар шаҳри Файзободи Афғонистон кӯмак расонид.

Баъди маросими хатмкунӣ Сафир Гросс ва меҳмонони даъватшуда бо роҳбарони созмонҳои ғайриҳукуматӣ, хабарнигорон, донишҷӯён, роҳбарони ҷамоатҳо ва бо хатмкунандагони барномаҳои ИМА дар идораи Гӯшаи Амрико, ки дар Маркази ҷавонони шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, мулоқот намуд. Дар ҷараёни он сафир ба саволҳои иштирокдорон посух дод.

Барномаи фаромарзии маълумоти касбӣ-техникӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 900 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон таъмин намудааст.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854