ДАСТАИ «БАРСЕЛОНА» ВА «МАНЧЕСТЕР ЮНАЙТЕД» ДАР НИМФИНАЛИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО
Бозии чорякфиналии мусобиқоти лигаи қаҳрамонии байни дастаҳои «Барселона»-и Испания ва "Шахтёр»-и Украина ва «Манчестер Юнайтед»-и Англия ва «Челси»-и Англия баргузор гардид.
Дар бозии аввал, ки ҳафтаи қабл баргузор гардида буд, дастаи «Барселона» дастаи «Шахтёр»-ро бо ҳисоби 5:1 дар майдони худ мағлуб карда буд. Дар бозии ҷавобӣ, ки дишаб баргузор гардид, дастаи «Барселона» дар майдони ҳариф дастаи «Шахтёр»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда ба бозии нимфиналӣ роҳхат гирифт. Дастаи «Манчестер Юнайтед», ки дар бозии қаблӣ дастаи «Челси»-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буд, дар бозии ҷавобӣ низ бо ҳисоби 2:1 «Челси»-ро шикаст дод.
Акнун ду бозии дигар дар пеш аст, ки соҳибони роҳхатҳои баъдиро муайян хоҳанд кард. Инҳо дастаи «Реал»-и Мадриди Испания бо дастаи «Тотенхем»-и Англия, қаҳрамони соли гузаштаи лигаи чемпионҳо дастаи «Интер»-и Италия бо дастаи «Шальке»-и Олмон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки дар бозии қаблӣ дастаи «Реал» Мадрид дастаи «Тотенхем»-ро дар майдони худ бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда буд. Дастаи «Интер» бошад бозиро ба дастаи «Шальке» бо ҳисоби 2:5 бохта буд.
Субҳон Озодаев – барои «Рӯзгор»