17:15:15 02-уми Июни 2025 сол

ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ҶОМИ ҶАҲОН-2014

Кумитаи ташкили мусобиқоти AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) тартиби баргузории сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014-ро тасдиқ кард.

5 дастаи зӯртарини қора якбора ба даври севум роҳ дода мешаванд. 38 дастаи дигар, минҷумла мунтахаби Тоҷикистон, муборизаро аз даври аввал шурӯъ карда, дар бозиҳои ҷуфтӣ дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бозӣ хоҳанд кард. Аз байни 19 тими ғолиб 11 дастае, ки рейтинги хубтар доранд, ба даври севум роҳ меёбанд. 8 дастаи боқимонда чаҳор ҷуфти даври дуввумро ташкил медиҳанд. Ба ин тартиб, 20 дастаи мунтахаб ба 5 гурӯҳ тақсим шуда, дар даври севум барои 10 роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза хоҳанд бурд.

Чаҳор дастаи беҳтарини даври чаҳорум имкон пайдо мекунанд, ки дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар Бразилия ширкат варзанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро касб мекунанд, дар плей-офф иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон-2010 дар даври дуввум аз тими Сингапур аз рӯи натоиҷи 2 бозӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда буд.

Нарзуллоҳи Латиф, «Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854