САФОРАТХОНАИ ИМА ВА КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН
Барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва ҳайати шафқат оид ба таҳкими субот дар Тоҷикистон (БТСТ) ба наздикӣ ба 17 нафар ҷавонмарди тоҷик касби сартароширо ёд дод. Курси думоҳа ҷавонони 11 деҳаи ноҳияи Аштро барои омӯхтани малакаҳои сартарошӣ гирд овард.
Ин омӯзишро устои дорои собиқаи 34 сола дар ҷамоатҳои Кирқудуқ ва Ошоба доир намуд. Илова ба омӯзиши касбӣ, таълимгирандагон оиди усулҳои оғознамоии соҳибкорӣ, аз он ҷумла тарзи дуруст супурдани андозҳо омӯзонида шуданд. Барномаи мазкур аз тарафи Созмони бонуфузи байналмилалии ғайридавлатии ҳайати шафқат дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷомеаҳои маҳаллӣ татбиқ шудааст. Теъдоди 44 нафар ҷавон дар ноҳияҳои Ашт ва Исфара ба ин давраҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Ҳайати Шафқат устоҳои болаёқатро муайян ва интихоб мекунад ва ҳамроҳи онҳо барномаи таълимиро таҳия ва ҳангоми зарурат онҳоро бо таҷҳизоти навтар таъмин мекунад.
Баъди анҷом ёфтани таълим ҳайати шафқат муваффақияти ҳар як хатмкунандаи онро барои муайян кардани суръати шуғли онҳо ва беҳтар намудани курсҳои оянда пайгирӣ хоҳад намуд. Ин лоиҳа ҷузъи кӯшиши БТСТ баҳри ба ҷавонон омӯзондани малакаҳои лозимӣ барои дастрасӣ ба имкониятҳои шуғл ва сар кардани соҳибкории худ мебошад. Илова бар ин курси таълимӣ ББСТ дар ноҳияҳои Ашт ва Исфара курсҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва таъмири компютериро доир намудааст.
Ҷомеаҳо ва ҳукумати маҳаллӣ барои татбиқи иқдоми мазкур кӯмаки лозима расонидаанд. Маъмурияти мактабҳои таҳсилоти умумии Кирқудуқ ва Ошоба барои гузаронидани машғулиятҳо синфхона вогузор намуданд ва хонандагон дар давоми омӯзишҳои сартарошӣ ройгон сар тарошиданд. Ғайр аз он, ҷамоати деҳот тасмим гирифт, ки ба ҷавонон ҷиҳати пайдо намудани ҷой барои кушодани сартарошхона кӯмак расонад. БТСТ суботро дар деҳоти Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани худидоракунӣ ва иштироки гурӯҳҳои осебпазир дар барқарорсозии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақвият мебахшад.
Он ҷомеаҳоро барои ҳалли мушкилот дар беш аз 60 ҷомеаҳои деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара ва ҷануби вилояти Хатлон сафарбар мекунад. Тавассути ББСТ мардуми Амрико рушди осоиштаи ҷомеаҳои Тоҷикистонро дастгирӣ менамояд. Тадбирҳо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаҳои интихобшуда, таъмини амнияти озуқаворӣ, сохтмон ва таъмири шабакаҳои оби нӯшокӣ ва обёрӣ, таъмири инфрасохтори иҷтимоии маҳал, паст кардани хатари офатҳо ва ба вуҷуд овардани имкониятҳои бо кор таъминкунии ҷавонон, хусусан барои онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, мусоидат мекунанд.
Барномаи таҳкими субот дар Тоҷикистон яке аз он лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасонии мардуми Амрико мебошад, ки тавассути Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллаӣ (USAID) барои дастгирии мардуми Тоҷикистон амалӣ шудаанд. Аз соли 1992 инҷониб, мардуми Амрико барномаҳоеро, ки муассисаҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиро кӯмак мекунанд, тақрибан ба маблағи 900 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст.
«Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/4213-2011-01-21-05-37-56.html