ВАЗОРАТИ ХОРИҶАИ АМРИКО: ҶАВОНОНИ ТОҶИК БЕШТАР МАЗҲАБӢ МЕШАВАНД
Тибқи гузориши тозаи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодии виҷдон, ба ислом рӯй овардани ҷавонон дар Тоҷикистон шиддат гирифтааст. Таъкид шудааст, ки ҳарчанд дар Тоҷикистон тибқи қавонин ҳеҷ яке аз маҳзаб давлатӣ дониста намешавад, вале давлат “ҷойгоҳи вижаи” фиқҳи ҳанафиро эътироф мекунад.
Ҳамчунин муаллифони ин гузориш аз давлати Тоҷикистон барои маҳдудиятҳое дар пӯшиши либоси мазҳабӣ, риши мардон ва таъқиби пайравони “Ҷамоъати таблиғ” ва “Салафия” интиқод кардаанд. Дар маҷмӯъ, ба навиштаи гузоришгарон, дар як соли ахир дар ҳаёти мазҳабии сокинони Тоҷикистон, ба ҷуз аз чанд нукта, таҳаввулоти ҷиддие сурат нагирифтааст. Давлати Амрико тасвиби қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои мазҳабӣ дар ин кишварро омили мудохилаи бештари давлат дар умури динӣ арзёбӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар як соли ахир давлати Тоҷикистон дар нисбати пӯшиши либоси мазҳабӣ тасмимҳое гирифтааст, ки ҳуқуқи сокинонро маҳдуд месозад. Дар гузориш аз ихроҷи ҳадди ақал як донишҷӯ ва як устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои пӯшиши ҳиҷоб гузориш шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар мавриди истихдом ба кор занҳо ва бонувони ҳиҷобпӯш бо мушкилоте рӯбарӯ ҳастанд.
Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад, ки ин талошҳои давлати Тоҷикистон ба манзури ҳифзи сохти дунявӣ дар ин кишвар анҷом мешаванд. Дар мавриди риши мардон, ки ахиран ба мавзӯи доғи ҷомеъа табдил шудааст, таҳлилгарони Вазорати хориҷаи Амрико навиштаанд, ки дар Тоҷикистон мавориде мушоҳида мешавад, ки ба мардҳое, ки барои гирифтани паспорт акси худро бо риш пешниҳод мекунанд, гузарнома дода намешавад.
Ҳамчунин гузоришгарон аз манъи вазорати маорифи Тоҷикистон дар мавриди ришмонӣ барои асотиди зери панҷоҳ сол изҳори назар карда ва навиштаанд, ки ин муқаррарот сареъан иҷро намешавад. Вазорати хориҷаи Амрико ҳамчунин аз вазъи омӯзиши мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва баста шудани мадориси “ғайрирасмӣ” изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба навиштаи гузоришгарон, тибқи қонуни ҷадид на ҳама аз масоҷиди кишвар аз ҳаққи омӯзиши мазҳабии кӯдакон ва наврасон бархурдор шудаанд, ки ин амр мушкилотеро дарпай доштааст. Дар робита ба фаъолияти озоди иттиҳодияҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон гузоришгарон навиштаанд, ки дар як соли ахир дар ин кившар дастикам 59 нафар барои пайравӣ аз “Ҷамоъати Таблиғ” зиндонӣ ва 33 нафари дигар ҷарима шудаанд.
Давлати Тоҷикистон пайравони ин гурӯҳро ифротгаро медонанд, вале ба навиштаи гузоришгарон дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ далоиле дар бораи даст доштани ин афрод дар аъмоли ғайриқонунӣ ироа нашудааст. Ҳамчунин дар як соли ахир ҳафт нафар ба ҷурми пайравӣ ба Салафия равонаи зиндон шудаанд. Гузоришгарон иддаъо доранд, ки бархе аз ин афрод дар додгоҳ узвияти худ дар ин гурӯҳро таъйид накарданд.
Гузоришгарон навиштаанд, ки дар Тоҷикистон дар як соли ахир мавориди хушунат ё низоъи мазҳабӣ мушоҳида нашудааст. Бо ин вуҷуд, муаллифон аз мавориди иҷбории пӯшиши либоси исломӣ аз сӯйи бонувон ишора мекунанд. Ба навиштаи онҳо, ин мушкил дар хонаводаҳое маҳсус аст, ки волидайни онҳо аз сафари ҳаҷҷ бармегарданд.
Дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки иттиҳодияҳои ғайриисломӣ дар Тоҷикистон дар як соли ахир дар фаъолияти худ бо мушкили ҷиддие рӯбарӯ нашудаанд. Бештаре аз онҳо тибқи қонуни ҷадиди ин кишвар дарбораи иттиҳодияҳои мазҳабӣ дубора сабти ном шудаанд. Вале канисои яҳудиён натавонистааст ин амрро иҷро кунад. Зеро, ба гуфтаи масъулони он, теъдоди яҳудиён дар шаҳр камтар аз 10 нафар будааст. Аммо қонун сабти иттиҳодияи мазҳабиро танҳо дар сурати беш аз даҳ нафар будани пайравони он иҷоза додааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3608-2010-11-18-19-16-06.html