НИШОНИ БИРИНҶИИ РАСУЛ БОҚИЕВ ДАР БОЗИҲОИ ОСИЁӢ
Нахустин нишони Бозиҳои 16-уми осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин барои тими Тоҷикистонро паҳлавони тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Паҳлавони тоҷик дар вазни 73 кило дар гуштии дзюдо сазовори нишони биринҷии Бозиҳои осиёӣ шуд.
Дар маҷмӯъ дар ин мусобиқот аз Тоҷикистон 62 варзишкор дар 16 навъи варзиш ширкат мекунанд. Дар Бозиҳои 16-уми Осиё беш аз 10 100 варзишгар аз 45 кишвари ин қора ширкат доранд. Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин, ки 12-уми ноябр шурӯъ шуд, бо ширкати беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора дар 42 навъи варзиш то рӯзи 27-уми ноябр идома хоҳанд кард. Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 навъи варзиш ширкат меварзанд. 16-уми ноябр муштзанҳо вориди рақобат мешаванд. Дар риштаи бокс Тоҷикистонро се нафар Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева намояндагӣ хоҳанд кард.
Варзишгарони тоҷик, ҳамчунин, дар камонварӣ (Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Фирӯза Зубайдова), варзиши сабук (Дилшод Назаров, Алишер Эшбеков, Фарҳод Қуралов, Аҷмал Амиров), қаиқронӣ (Зокирҷон Набиев, Маҳаммадулло Нодиров, Нодирхон Сафаров, Нурмуҳаммади Тоҳир), каратэ (Бадриддин Умедов), таэквон-до WTF (Шокирҷон Раҷабов, Кристина Коробко, Хусрав Ғиёсов, Шаҳриёр Каримов, Давлатмурод Каримов, Таҳмина Хоҷаева, Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов), гуштии озод ва юнониву румӣ ( Фарҳод Анақулов, Мурод Тӯйчиев, Аҳмад Қодиров, Ҳабибулло Абдуллоев) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар чаҳор давраи Бозиҳои осиёӣ (аз соли 1994-ум то имрӯз) ҳамагӣ 12 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ) ба даст овардаанд.
"Озодӣ"
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3578-2010-11-15-13-06-13.html