РУКУДИ ФУТБОЛИ ТОҶИК: БОХТҲОИ ПАЁПАЙ, МУХЛИСОНИ НАВМЕД
Сармураббии тими футболи зери 16-солаҳои Тоҷикистон мегӯяд бо вуҷуди нокомӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз симати худ истеъфо нахоҳад дод. Тими миллии зери 16-солаҳои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар мусобиқот дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон аз тимҳои Ӯзбакистон ва Андунезӣ бо ҳисобҳои калони 1 бар 8 ва 1 бар 4 мағлуб шуд. Ин тим танҳо дар бозӣ бо тими Урдун ҳисобро 1 бар 1, яъне мусовӣ карда ва бо як имтиёз дар радаи охири гурӯҳи худ ҷой гирифт.
Зоҳир Бобоев, сармураббии тими миллии наврасони Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 2 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе далели ин нокомиро ба омодагии нокофии ҷисмонии футболбозони тоҷик ва камбуди ҷиддии ҳазина барои ниёзҳои ин тим марбут хонд. Ба гуфтаи оқои Бобоев, футболбозони навраси тоҷик дар бозии аввал дар муқобили тими миллии Урдун, ки тиме пурқувват маҳсуб шуда ва аз гурӯҳи “А” ба бозиҳои чорякниҳоӣ роҳхат гирифт, хеле хуб ҳунарнамоӣ карда ва бозиро мусовӣ анҷом додааст.
Аммо ба эътиқоди сармураббии тими миллӣ, футболбозони тоҷик ба иллати пойин будани сатҳи омодагии ҷисмонӣ дар ду бозии дигар ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам токтикӣ бозиро ба рақибони худ бохтаанд. Дар ҳамин ҳол, бархе аз дӯстдорону ҳаводорони футбол дар Тоҷикистон ҳунарнамоии футболбозони наврас дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёро "бад ва шармовар" талақӣ карданд.
Манучеҳр Мақсудов, як ҳаводори собиқадори футбол дар шаҳри Душанбе гуфт: "Қаблан низ тимҳои мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби калони 9 бар сифр бозиро бохта буданд, аммо баъдан дар бозиҳои дигари мусобиқот пирӯз шуда ва эътибору нуфузи тимро ҳифз карданд. Аммо дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд обрӯйи футболи тоҷик рехт."
Аслам Иброҳимов, як ҳаводори дигари футбол, бохти калони 8 бар 1 аз тими миллии Ӯзбакистонро "дарднок ва шармовар" хонд. Ба эътиқоди оқои Иброҳимов, тими миллии Тоҷикистон бояд тамоми нерӯю маҳорати хешро истифода карда ва ҳадди ақал мебоист мусовӣ кунад ё бо ҳисоби камтар бозиро мебохт.
Интисоби Рустами ЭмомалӢ
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Зоҳир Бобоев, барои омодагӣ ба чунин мусобиқоти байналмилалӣ маболиғи ҳангуфте лозим аст, то тими миллӣ битавонад дар канори тамрин дар дохили кишвар бо тимҳои бонуфузи хориҷӣ низ зӯрозмоӣ кунад. Оқои Бобоев гуфт, ки дар марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё аз Сандуқи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 125 ҳазор сомонӣ ё ҳудуди 28 ҳазор дулори омрикоӣ ҳазина ихтисос ёфта буд, ки танҳо барои тамрин дар дохили кишвар кифоят кардааст.
Ба ин тартиб, тими зери 16-солаҳои Тоҷикистон барои сафар ба кишварҳои хориҷӣ ва мусобиқот бо тимҳои ин кишварҳо маблағи кофӣ дар ихтиёр надоштааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай, дар марҳилаи омодагӣ тимҳои миллии Ӯзбакистон 2 милюн дулор ва Урдун 6 милюн дулор масраф кардаанд. Ба гуфтаи Зоҳир Бобоев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ҳоло ҳеч сармоягузори дохилию хориҷӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ дар бахши футболи тоҷик иброз накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳур ва бозигари тими "Истиқлол", ҳафтаи гузашта ба симати муъовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон интисоб шудааст. Бархе аз аъзои ин федеросиюн умедворанд, ки интисоби ӯ мӯҷиби афзоиши сармоягузорӣ дар арсаи футболи Тоҷикистон шавад, аммо иддаи дигар дар ин амр ибрози тардид мекунанд ва мегӯянд, ки интисоби шахсиятҳои сиёсӣ ё фарзандони онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ зомини пешрафти варзиш нахоҳад буд.
Зимнан, худи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон раёсати Кумитаи миллии улампики ин кишварро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, раёсати Федеросиюни футболи Тоҷикистонро Суҳроб Қосимов, аз фармондеҳони Фронти халқӣ дар замони ҷанги дохилӣ, ки дар ба қудрат расондани оқои Раҳмон нақши муассире дошт, ба ӯҳда дорад. Ин дар ҳолест, ки ба эътиқоди соҳибназарон, варзиши Тоҷикистон танҳо дар сурате пешрафт хоҳад кард, ки симатҳои муҳимми ин арса ба варзишгарони ҳирфаӣ, бавижа қаҳрамонони мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаҳои мухталифи варзиш, вогузор шаванд.
"Фишори равонӢ"
Бархе аз соҳибназарон дар нокомии тими зери 16-солаҳои Тоҷикистон мураббии ин тимро муқассир медонанд. Фаридун Солеҳов, шореҳи футболи нашрияи “Варзиш-Спорт”, мӯътақид аст, ки тими Тоҷикистон аз лиҳози токтикию ҷисмонӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд омода набуд ва барои ин навоқис бояд сармураббӣ ҷавобгӯ бошад. Оқои Солеҳов гуфт, ки маъмулан пас аз чунин нокомӣ сармураббиҳои тимҳои миллӣ истеъфо медиҳанд, аммо Зоҳир Бобоев дар нокомии тим на худ, балки доварону мизбонони мусобиқотро муқассир медонад.
Оқои Бобоев гуфт, ки доварон бозии тими Тоҷикистонро бо тимҳои миллии Андунезӣ ва Ӯзбакистон мунсифона ва воқеъбинона қазоват накардаанд ва ба чанд футболбози тоҷик корти зард ё огоҳинома дода ва ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон ду зарбаи ҷаримаи 11-метра таъйин кардаанд. Ҳамчунин, сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз фишорҳои равонии Ӯзбакистон, мизбони мусобиқот бар футболбозони навраси тоҷик ёдовар шуд ва аз ҷумла, ба таъхири 31-дақиқагии утубуси тими Тоҷикистон ишора кард, ки рӯзи 26 октябр, қабл аз бозӣ бо тими миллии Андунезӣ иттифоқ афтодааст.
Вазъи бӮҳронӢ дар футболи тоҷик
Дарёфти унвони қаҳрамонии Осиё дар мусобиқоти футболи наврасон дар Непол дар соли 2007 аз маъдуд дастовардҳои чашмгири футболбозони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, тими “Вахш”, қаҳрамони Тоҷикистон, дар се бозӣ дар мусобиқоти футболи "Ҷоми Иттиҳодияи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Болтик-2010" дар моҳи январи соли ҷорӣ мағлуб шуд. Ин мусобиқот дар шаҳри Маскав баргузор шуд ва дар он қаҳрамонҳои мусобиқоти футболи кишварҳои узви ин иттиҳодия ва бархе аз мамолики ҳамсояи Русия ширкат доштанд.
Ба эътиқоди коршиносон, ҳарчанд мусобиқоти футболи “Ҷоми Иттиҳодияи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Болтик-2010” дар муқоиса бо мусобиқоти қораи Урупо, Омрикои Ҷанубӣ ё Офриқо дар сатҳи пойинтаре қарор дорад, аммо ширкати тимҳои қаҳрамони Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, дар ин мусобиқот навъе озмоиши ҳунар ва намоиши сатҳи футболи миллӣ дар сутуҳи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Коршиносони бахши варзиши Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол ҳеч кадоме аз тимҳои қаҳрамони ин кишвар дар ин гуна мусобиқоти байналмилалӣ пирӯз нашуда ё ҳадди ақал хуб ҳунарнамоӣ накардаанд, ки ин амр далели вазъи бӯҳронӣ дар футболи тоҷик аст. Ин дар ҳолест, ки дар даврони Шӯравӣ футбол дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае рушд карда ва “Помир”, тими ин кишвар, танҳо тим аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки дар Лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳунарнамоӣ мекард. Гуфта мешавад ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар даҳаи 1990 бахши аслии мактабҳои футбол барои бачаҳо ва наврасон баста шуда ва сармоягузорӣ ҳатто барои тимҳои Лигаи олии кишвар ночиз будааст.
Идомаи мусобиқоти Осиё
Дар бозиҳои чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни футболбозони синни зери 16 сол дар шаҳри Тошканд рӯзи 1 ноябр тимҳои миллии Устролиё, Ӯзбакистон, Куреи Шимолӣ ва Жопун пирӯз шуда ва ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳхат гирифтаанд. Ин бозиҳо рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. Тибқи муқаррароти Федеросиюни футболи Осиё, ин чаҳор тими бартари мусобиқот дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон миёни футболбозони наврас, ки соли оянда дар Мекзик баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/javonon-va-varzish/3483-2010-11-02-18-03-30.html