16:31:33 15-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЛАҒВИ МАҲДУДИЯТҲО БАРОИ ҶАҲОНГАРДОНИ ХОРИҶӢ

 

Ба гуфтаи Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, аз 27 феврали соли ҷорӣ тибқи як мусаввабаи давлат наҳваи дарёфти визои ин кишвар барои сайёҳони хориҷӣ сода карда шуд. Ин муқаррарот аз 27 апрел ба иҷро медарояд. 


Барои бори нахуст дар ҳабдаҳ соли истиқлоли Тоҷикистон барои атбоъи хориҷӣ, ки қасди дидани ин кишварро доранд, визои ҷаҳонгардӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳоло нуздаҳ навъи раводид, аз ҷумла раводид барои донишҷӯён, сармоягузорон, ронандагони хориҷӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон содир мешавад.

Ҳамакнун атбоъи хориҷӣ метавонанд бо дарёфти даъватнома аз ширкатҳои ҷаҳонгардӣ аз Тоҷикистон визои ин кишваррро дар сафоратхонаҳо ва ё дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе дарёфт кунанд.

Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонгардӣ барои даъвати атбоъи хориҷӣ муваззаф буданд нахуст иҷозаи бахши кунсулгарии Вазорати хориҷаро дарёфт карда ва сипас ин номаро ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон ирсол кунанд.

Гузашта аз ин, сайёҳони хориҷӣ дигар муваззаф нестанд, ки худро дар ниҳодҳои зирабти Вазорати кишвари Тоҷикистон сабти ном карда ва барои ҳар рӯзи иқомат дар ин кишвар як дулор пардохт кунанд.

Ба гуфтаи Лочин Файзуллоев, муъовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, аз будҷеи ҳар ҷаҳонгарди хориҷӣ дар ин кишвар то дусад дулор сарфа хоҳад шуд. Бад ин тартиб, ҷаҳонгардони хориҷӣ танҳо дар сурати иқомати беш аз 30 рӯз дар Тоҷикистон метавонанд дар идораи пулис худро сабти ном кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи оқои Файзуллоев, дар гузашта муқаррароте вуҷуд дошт, ки тибқи он ҳар кӯҳнаварди хориҷӣ барои фатҳи қуллаҳо бо иртифоъи беш аз шаш ҳазор метр дар Тоҷикистонро сад дулор ба будҷеи ин кишвар мепардохтанд.

Ҳамин тур, барои фатҳи қуллаҳое бо иртифоъи камтар аз шаш ҳазор метр кӯҳнавардони хориҷиро лозим буд панҷоҳ дулор пардохт куанд. Вале акнун ҳардуи ин муқаррарот лағв шудааст.

Лочин Файзуллоев афзуд, ки ин маҳдудиятҳо рақобатпазирии бахши ҷаҳонгардии Тоҷикистонро дар баробари кишварҳои ҳамсоя коҳиш дода буд. Дар кишварҳои дигари минтақа, бавижа Қирғизистон, ки табиъаташ бо Тоҷикистон шабеҳ аст, аз чанд сол қабл чунин маҳдудиятҳо лағв шуда буд.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки мақомот дарк кардаанд, ки лағви ин маҳуддиятҳо метавонад ба ҷалби теъдоди бештаре аз ҷаҳонгардони хориҷӣ ба Тоҷикистон мусоъидат кунад. 

Вай афзуд, ки ҳарчанд аз ин тадобир будҷеи кишвар хисороте хоҳад дид, вале дар оянда дар пайи афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон, иқтисоди кишвар суди бештаре ба даст хоҳад овард.

Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ дар соли гузашта ҳудуди 470 ҳазор табаъаи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки мақомоти тоҷик ҳудуди чаҳорсад ҳазор нафар аз онҳоро сайёҳ ва ҷаҳонгарди хориҷӣ медонанд.

Ин рақам дар муқоиса бо як сол пеш 150 ҳазор нафар бештар будааст. Аз сӯйи дигар, танҳо дар се моҳи аввали соли ҷорӣ навад ҳазор нафар аз атбоъи хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки бахше аз онҳо низ сайёҳ ҳастанд.

Бо ин вуҷуд, оқои Неъматов гуфт, ки аз ҷумлаи атбоъи хориҷие, ки дар соли гузашта ба Тоҷикистон сафар кардаанд, танҳо ҳудуди бист ҳазор нафар аз тариқи ширкатҳои ҷаҳонгардии маҳаллӣ ворид шудаанд.

Ба эътиқоди Маликшо Неъматов, бисёре аз ҷаҳонгардони хориҷӣ талош мекунанд, ки сафари худ ба Тоҷикистонро ба таври мустақилл анҷом диҳанд ва далели ин амр кайфияти пойини сервиси ширкатҳои сайёҳи маҳаллӣ арзёбӣ мешавад.

Оқои Неъматов афзуд, ки "мутаассифона, дар Тоҷикистон то ҳол фарҳанги ҷалби ҷаҳонгардон комилан роиҷ нашудааст" ва гузашта аз ин, дар манотиқи мухталифи кишвар сервиси хубе барои ҷаҳонгардон вуҷуд надорад.

Вале ба гуфтаи мақомоти давлати Тоҷикистон то чанд соли дигар вазъият дар ин замина тағйир хоҳад кард ва тибқи истротежии тавсеъаи ҷаҳонгардӣ дар ин кишвар дар назар аст теъдоди сайёҳони хориҷӣ дар солҳои наздик то ба як милюн нафар афзоиш ёбад.

Манбаъ:http://www.bbc.co.uk/tajik/news

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi