18:57:40 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

«КАПИТАН ВА БРИГАДИР»

Дер боз мехостам, ки дар бораи яке аз фарзандони ифтихории Тоҷикистони азиз Геннадий Иванович Черевченко сатре иншо намоям.

rasm 5445121Геннадий Иванович барҳақ фарзанди сарзамини Тоҷикистон буд. Ў санаи 16-уми марти соли 1948 дар шаҳраки Дўстии ноҳияи Қумсангир дида ба дунё кушодааст. Он замон ноҳияи Қумсангир ва хоса шаҳраки Дўстӣ яке аз мавзеъҳои ободу зебои кишвари Шўравӣ маҳсуб ёфта, намояндагони халқҳои зиёди Шўравӣ он ҷо дўстона зиндагӣ мекарданд.

Геннадий Иванович дар мактаби миёнаи шаҳраки Дўстӣ таҳсил намуда, ҳамчунин ба бозии футбол дилбохтагии махсус дошт. Аввалин усули бозии футболро низ аз омўзгоронаш аз худ намудааст. Ў дар тими маҳаллии «Строитель»-и Дўстӣ баромад намуда, баъдан солҳои 1967 - 1968 ба тими «Пахтакор»-и шаҳри Қўрғонтеппа (баъдан номи «Вахш»-ро гирифт), ки дар чемпионати ҷумҳурӣ бозӣ мекард, даъват мешавад.

Бозингари ҷавону чусту чолок (қадаш 1м 73 см, вазнаш 73 кг) ба зудӣ диққати селексионерони тими рақами 1-и ҷумҳурӣ «Энергетик»-ро ба худ ҷалб намуда, ў ба ин клуб даъват мешавад. Дар тими «Энергетик»-и шаҳри Душанбе ў аз рўзҳои аввал Юрий Пешкови машҳури ба нафақа равандаро иваз намуда, ҳимоягари асосӣ мешавад. Худи ҳамон сол дар 33 вохўрӣ иштирок ва ду гол мезанад.

Аз соли 1970 тими «Энергетик» ба тими «Помир» табдил дода мешавад ва бозингари ҷавон ва далер, ки бо сараш низ хуб бозӣ мекард Геннадий Иванович муҳофизатгари асосии ин тим таъин мешавад.

Дар тими «Помир» Геннадий Иванович 18 сол бозӣ намудааст. Солҳои зиёде бозии хуб, маҳорати баланд, рўҳия ва иродаи хуби ўро бо сифатҳои одамгарӣ ва пуртоқатияш ба назар гирифта, ўро роҳбарияти тим ба вазифаи капитани тими «Помир» таъин кардаанд ва ў аз ўҳдаи ин вазифаи масъул ба хубӣ баромада тавонист. Ҷамъан дар тимҳои «Энергетик» ва «Помир» 562 вохўрӣ гузаронида, 22 гол задаст, ки чунин миқдори тўпзанӣ барои муҳофизатгар нишондиҳандаи бад нест.

Хизмати капитани тими овозадори «Помир», устоди спорти варзиши СССР Геннадий Иванович махсусан соли 1979, ҳангоми ҷои сеюмро гирифтани «Помир» дар лигаи якуми чемпионати СССР, ки он сол «Помир» бо медали хурди биринҷии чемпионати СССР мукофотонида шуд махсусан калон аст.

Ў дар 42 бозӣ ширкат ва 13 гол задаст, ки чунин миқдори голзанӣ ба ягон муҳофизатгари лигаи якум ва лигаи олии шўравӣ даст надодааст. Бо иборае он сол ў ҳам дар хати муҳофизат ва ҳам хати ҳучум мохирона бозида (баъди Турсунов,ки 17 гол зада буд) дуюмин тирандози клуб гашта буд. Дар бозиҳои Ҷоми СССР дар ҳайати дастаи «Помир» 34 маротиба ба майдон омадааст, ки ин рақам низ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Умуман Генадий Иванович Черевченко яке аз беҳтарин муҳофизатгарони лигаи 1-уми СССР ба ҳисоб рафта, ба тими 2-юми миллии СССР (он замон тими якачин мегуфтанд) ҷалб гашта буд. Ногуфта намонад, ки лигаи 1-уми Чемпионати СССР оид ба футбол он давра яке аз беҳтарин ва пурзўртарин лигаҳои 1-уми қораи Аврупо буда, сатҳи бозии ин лига ҳатто ба назари банда аз Премер –лигаи Россия ва Украина низ болотар буд!

Бозӣ ва иродаи мустаҳками ўро дида бисёре аз клубҳои лигаи олӣ ўро дар сафҳои худ дидан мехостанд, лекин ў ба ватанаш, Тоҷикистон содиқ монда , ҳамаи ин даъватхоро рад мекард. Соли 1986, дар сини 38 солагӣ бо иборае ў бутсиҳои худро ба мех овехт ва ба кори мураббигӣ гузашт.Чанде аз тимҳо, аз ҷумла тими «Шодмон»-и Ҳисорро мураббигӣ намуд. Бар асари ҷанги бемаънии Тоҷикистон ва дур гаштани ин сарзамин аз футболи бо истиллоҳ калон , соли 1994 ба Руссия кўч баст.

Муддате тими лигаи 2-юм «Индустрия»-и Боровскийро машқ дода, баъдан бо даъвати Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, сармураббии «Локоматив»-и Москва Юрий Сёмин чанд сол ба ҳайси мураббии тими кўдаконаи роҳи оҳанчиён кор кард.

Геннадий Иванович санаи 18.03.2014 дар синни 66 солагиаш дар шаҳри Москва вафот кард. Дар хотираи мардуми тоҷик ва мухлисони футбол ў чун капитан ва «бригадир» боқӣ мемонад. Ёд дорам, вақте, ки мо мухлисон тимро дастгирӣ карданӣ мешудем, ба капитани тими «Помир» Геннадий Иванович рў оварда, ба ў «Бригадир» гуфта хитоб мекардем. Ў барҳақ бригадири 22 футболбози асосии тим ва бригадири 10 бозингар дар майдон буд, ки онҳоро ба пеш, ба сўйи ғалаба ҳидоят мекард.

Геннадий Иванович, зодгоҳаш, шаҳраки Дўстиро дўст медошт ва сари чанд вақт ба онҷо ташриф оварда, ба сари гўри модараш гулҳои тару тоза мегузошт, ки ин низ нишоне аз инсонгарӣ ва меҳру муҳаббати вайро нисбати ватан, зодгоҳаш ва Тоҷикистон нишон медиҳад.

Писари хуберо тарбия кард, ки дар тими «Помир», клуби «Локомотив» ва якчанд тими Тоҷикистон бозӣ кард ва ҳоло сармураббии тими «Локомотив» аст. Хуб аст, ки бо ташабуси писараш ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳар сол ба хотираи падараш мусобиқа байни наврасон доир гашта, ин имконият медиҳад ки футболи байни наврасон рушд ёбад.

Хуб мешуд, ки дар зодгоҳаш шаҳраки Дўстӣ ҳайкалашро мегузоштанд ё лоақал лавҳаи хотиравиеро онҷо насб мекарданд, зеро пайдо гаштани чунин футболбози бузург дар маҳал дар 100 сол муаммо хоҳад буд.            

Ёдаш ба хайр бод!

Варқаи Зайниддин,

Узви ИЖ Тоҷикистон,

Аълочии матбуоти Тоҷикистон,

ш.Қўрғонтеппа

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi