Медали тилои паҳлавони тоҷик дар Туркия
Ёқубҷон Назиров, паҳлавони навраси тоҷик, дар Ҷоми ҷудои Аврупо дар Туркия медали тило ба даст овард.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2002), ки рӯзҳои 5-6-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби як медали тило гардид.
Гуштигири навраси тоҷик Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди се пирӯзӣ бар Микеили Бекаури (Гурҷистон), Адилет Мараимов (Қирғизистон) ва Эрол Баркин (Туркия),дар даври ниманиҳоӣ Нодар Бериашвилиро аз Гурҷистон шикаст дод. Ёқубҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тило сарфароз гашт.
Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар (9 писару як духтар) шомил буд.
Дар сабқати писарон Шамоили Ҷаҳонгир (73 кг), Шарифҷон Назриев (90 кг) ҷойҳи панҷум ва Каюмарс Норов (60 кг) ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.
Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Эсра Фидокор (Туркия), дар даври баъдӣ бар Ллинка Моросану (Руминия) пирӯз шуд, вале дар мубориза барои ҷоизаҳои мусобиқот аз Николле Ди Cанто (Италия) ва Этери Липартериани (Гурҷистон) мағлуб гашт ва дар натиҷа дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 321 варзишгар (190 писар ва 131 духтар) аз 15 кишвар (12 кишвари Аврупо ва 3 кишвари Осиё) иштирок дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 24 медал (6 тило, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (4-2-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Туркия (2-3-13) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, се ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 15 кишвар ҷойи 6-умро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин мусобиқа паҳлавонони навраси тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ҷойҳои севумро касб карданд.
«Озодӣ»