16:19:12 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Қаҳрамонҳои нави дзюдои Тоҷикистон

Дар мусобиқаиқаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуд, зӯртарин гуштигирон ширкат доштанд.

varzish-65545451221.jpgМусобиқаиқаҳрамонии дзюдои Тоҷикистон, ки рӯзҳои 11-12 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе бо ширкати зӯртарин паҳлавонони тоҷик аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор шуд, ғолибонро аз рӯи ҳафт вазн муайян кард.

Шаш нафар – Хушқадам Хусравов (вазни то 60 кг), Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фахризода (то 73 кг), Фарҳод Раҳимов (то 81 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг), ки ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд, аз шаҳри Душанбе мебошанд.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони шинохтаи тоҷик, ки вилояти Суғдро намояндагӣ кард, дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило мақоми аввалро касб намуд. Вай дар даври ниҳоӣ бар Фарҳод Сафаралиев дастболо шуд.

Бояд гуфт, паҳлавони маъруфи тоҷик Хушқадам Хусравов, ки то кунун танҳо дар мусобиқоти гуштии самбо иштирок мекард, бори аввал дар қаҳрамонии дзюдои кишвар ширкат варзида, дар вазни то 60 кило дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани Озод Эмомов ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд. Ин пирӯзӣ ба ӯ имкон медиҳад дар мусобиқоти мухталифи байналмилалии дзюдо, ки навъи олимпист, низ иштирок кунад.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кишвар дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳониву минтақаӣ ва байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Вазифаи аслии гуштигирони тоҷик ба даст овардани роҳхатҳо ба  Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi