19:27:36 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Медали тиллои Хушқадам дар Ҷоми ҷаҳонии самбо

Хушқадам Хусравов - паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки ба ёдбуди Харлампиев дар Маскав баргузор шуд, дар вазни 62 кило бар рақибонаш пирӯз омада, соҳиби медали тилло гардид.

qahramon_2365124545.jpgМусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, поягузори гуштии самбо, ки Ҷоми ҷаҳонӣҳисоб меёбад, шаби 29-уми март дар Маскави Русия ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи пурнуфузтарини самбо танҳо як варзишгар - Хушқадам Хусравов, паҳлавонони маъруфи тоҷик, -намояндагӣ кард.

Вай дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар вазни зери 62 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал баромад. Хушқадам дар қувваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари Қазоқистон Йессет Куанов бо ҳисоби 6:3 ғалаба кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло ва ҷоизапулӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн ҷойҳои севумро Иван Анискевич (Беларус) ва Шмаги Лагазаури (Гурҷистон) соҳиб шуданд.

Дар ин бора ба мо муовини сардовари ин мусобиқа, довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, хабар дод. Вай гуфт, ки дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 35 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё ширкат карданд.

Мусобиқа дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт. Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, Хушқадам Хусравов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки моҳи июни соли 2014 дар пойтахти Узбакистон - Тошканд баргузор шуда буд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Баъдан Хушқадам моҳи ноябри соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Наритаи Ҷопон барпо гардид, дар вазни то 62 кг барои ҷойи дувум бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.

Ассотсиатсияи хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Хушқадам Хусравовро ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2014 дохил кардааст.

Хушқадам Хусравов дар суҳбат бо мо гуфт, “мақсади аслии ман ба даст овардани медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон мебошад. Чемпионати имсолаи ҷаҳон моҳи ноябр дар шаҳри Касабланкаи Мароккаш баргузор мешавад”.

Бояд тазаккур дод, баъд аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус, дар муддати қариб 40 сол ягон намояндаи Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ мушарраф нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi