22:09:14 08-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Мавзуна Чориева - довталаби курсии вакилӣ дар Маҷлиси Душанбе

Мавзуна Чориева дар интихоботи якуми март барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси шаҳри Душанбе мубориза хоҳад бурд. Номзадии ӯ аз тарафи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ пешниҳод шудааст. Номзадии Мавзуна Чориева, муштзани ҷавону шинохтаи тоҷик, аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

mavzuna-chorieva-45214412.jpgХуди Чориева рӯзи 11 феврал бо тасдиқи ин хабар ба мо гуфт, ҳоло номзадияшро расман дар ҳавзаи интихоботии рақами 37 дар ноҳияи Синои пойтахт сабтином кардаанд. Ин муштзани тоҷик дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, дар сурати пирӯзӣ тамоми талошашро барои рушди варзиш ва пешрафти ҷавонони кишвар равона хоҳад кард.

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣҳамзамон бо интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар таърихи 1 март баргузор мешавад.

Пешниҳоди номзадии Мавзуна Чориева ба мақоми вакили Маҷлиси шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ӯ моҳи сентябри соли 2013 нахустин шуда номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи президентии ду соли қабл пешниҳод карда буд. Вай дар ҷаласаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон гуфт, "ман хушбахттарин ҷавони замони истиқлол ҳастам. Ман чун як модар, як зан, як варзишгар мехоҳам фарзандам дар чунин давлати озоду обод ба воя расад".

Дар пайи он вакилони анҷуман аз ҷой бархоста, пешниҳоди Мавзуна Чориеваро бо кафкӯбиҳо пазируфтанд. Маликшоҳ Неъматов, раиси пешини Иттифоқи ҷавонон ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, пешниҳоди Мавзуна пешниҳоди одӣ нест – пешниҳоди як хонуми варзишгарест, ки ба таъбири ӯ,“аз ҳамаи неъматҳои соҳибистиқолии Тоҷикистон баҳраманд шуда ва шоҳиди пешрафтҳои кишвар аст.”

Номи Мавзуна Чориеваи 22-сола баъд аз пирӯзияш дар Олимпиадаи тобистонаи соли 2012 дар Лондон расонаӣ шуд. Ӯ дар тӯли бист соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон танҳо зани ин кишвар буд, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст.

Ин қаҳрамонӣ ба маҳбубияту маъруфияти ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуд ва аксарият ба Мавзуна "духтари қаҳрамон" ном гузоштанд. Баъдан ба Мавзуна Чориева барои ин дастовардаш шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.

Мавзуна Чориева баъдан, моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон ном ҷавон издивоҷ кард ва ҳоло онҳо соҳиби як духтар бо номи Осияанд. Чориева баъди ҳаштмоҳагии духтараш дубора ба майдони бокс баргашт ва то кунун дар чандин сабқатҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ нерӯ озмудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi