23:44:21 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рамзӣ Шамиров - ҷавонтарин довари дараҷаи байналмилалӣ дар дзюдо

Рамзӣ Шамиров аввалин мутахассиси тоҷик аст, ки соҳиби муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо гардидааст.

ramzi-shamirov_54541212.jpgРамзӣ Шамиров дар таърихи варзиши тоҷик аввалин мутахассисест, ки ба гирифтани муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” оид ба дзюдо мушарраф шудааст. Инчунин вай дар байни доварони дунё, ки ба чунин унвон сазовор гаштаанд, аз ҳама ҷавонтарин ба шумор меравад.

Рамзӣ Шамирови 32-сола дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасон, ки моҳи декабри соли гузашта дар Ҳонконг баргузор шуд, аз ҳамаи имтиҳонҳо (оид ба дониши забони англисӣ, назария ва амалияи доварии қоидаҳои дзюдо) бомуваффақият гузашт ва соҳиби муҷаввизи довари дараҷаи байналмилалии “А” гардид.  

Ин унвон ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқоти расмии сатҳашон аз ҳама баланди Федератсияи байналмилалии дзюдо - Гранд При, Гранд Слэм, қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ - доварӣ намояд.

Рамзӣ Шамиров, ки зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, зимни суҳбат бо мо дар бораи нақшаҳои имсолаи худ чунин гуфт:

-Имсол ман ба ҳайси довари дзюдо барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати роҳ ёфтан ба Бозиҳои XXXI олимпӣ, ки тобистони соли 2016 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор мешаванд, талош мекунам. Барои ин ба ман зарур аст, ки дар чемпионатҳои ҷаҳону қитъавӣ ва мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, ба мисли Гранд При, Гранд Слэм ширкат карда, барои дар рейтинги ҷаҳонии беҳтарин доварони дзюдо мавқеи сазоворро соҳиб шудан, имтиёзҳои зарурӣ  бигирам. Мақсад дорам, ки дар байни мутахассисони дзюдои тоҷик аввалин шуда ба ҳаққи доварӣ дар Бозиҳои олимпӣ мушарраф шавам. Албатта, бисёр мекӯшам, ки ин мақсади ман ҷомаи амал пӯшад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi