БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ХУДОГОҲӢ ВА ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Рӯзи 6-уми июн дар маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» бо иштироки намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати танзиму анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазоратҳои фарҳанг, маорифи ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ бо ҷавонони фаъол вохӯрӣ гузаронида шуд.
Вохӯрии мазкур таҳти унвони «Баланд бардоштани ҳифзи худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ» барпо гардид.
Сардори раёсати Кумитаи ҷавонони шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов иттилоъ дод, мақсади гузаронидани ин чорабинӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи худогоҳӣ, ҳисси ватандӯсти ва ифтихор аз муқадасоти милии ҷавонон мебошад.
Чунин чорабиниҳо барои бештар иттилоъ додани насли ҷавони пешқадами ҷумҳурӣ ва дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ, таълимӣ-ташвиқотиро оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он дастовардҳое, ки Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба даст овард ва инчунин огоҳӣ додани насли ҷавон аз ғаразу ҳадафҳои нопоки баъзе аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ҳамеша дар талоши ба ҳам задани сулҳу суббот ва амнияти ҷомеа ҳастанд, мебошад.
Инчунин қайд намуд, ки ҳар қадар ҷавонони мо огоҳтар, зирактар ва аз назари фаҳмиши сиёсӣ ва худогоҳӣ бештар маълумот дошта бошад, ҳамон қадар сатҳи таҳъсиррасонии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба онҳо заифтар мегардад.
Ибодат Давлатова, АМИТ «Ховар»