Тавбаи насуҳи Тайсон
Машҳуртарин муштзани садаи охир дар ИМА Майкл Тайсон изҳор дошт, ки акнун мехоҳад аз истеъмоли машрубот ва маводи мухаддир даст кашад, зеро аллакай ҳисс мекунад, ки дар остонаи марг қарор гирифтааст.
Вай аз ҷумла гуфт: “Баъзан ман бачаи бад ҳам мешавам. Ман корҳои бади зиёд кардаам ва мехоҳам омурзида шавам. Ман мехоҳам ҳаётамро дигаргун созам. Мехоҳам ҳаёти солим дошта бошам ва мурдан ҳоло намехоҳам. Ман дар остонаи марг қарор дорам, зеро як майзадаи ашадиам. Ман ин рӯзи шашум аст, ки на машрубот истеъмол кардам ва на мухаддирот. Ин шашумин рӯзи ман аст. Ман дигар ҳаргиз намехоҳам ба гузашта баргардам”,-иқтибос меорад USA Today аз суханони Тайсон.
Қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс дар миёни гаронвазнон Майкл Тайсон, ки 50 бозиро тӯли умраш буридааст (44 нафарро бо накаут мағлуб сохтааст) ва ҳамагӣ 6 бор мағлуб шудааст, яке аз машҳуртарин шахсиятҳо дар таърихи ин навъи варзиш ба шумор меравад.
Соли 1986 вай ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон буд. Он замон дар дуввумин тайми бозӣ яке аз чеҳраҳои машҳури олами бокс Тревор Бербикро зада афтонд ва ӯ маҷоле наёфт, ки аз ҷо дубора бархезад.
Соли 1992 барои таҷовуз ба номуси «Маликаи Амрикои сиёҳ», яке аз зангидухтарони ИМА, ӯ ба зиндон маҳкум мешавад. Дар маҳбас дини мубини исломро қабул карда ба худ номи мусалмонии Малик Абдулазизро мегирад. Малик Абдулазиз соли 2010 ба зиёрати хонаи Худо дар Маккатуллоҳ мушарраф мегардад.
Ахиран хабаргузориҳои ИМА иттилоъ додаанд, ки ин боксёри машҳур аз корҳои бади кардаи хеш изҳори пушаймонӣ намуда азм кардааст, ки дигар дар оянда аз чунин аъмол худдорӣ намояд. Дуо мекунем, ки Худои бузург ӯро тавфиқ диҳапд.
«Рӯзгор»