11:50:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ду медали биринҷии сумочиёни тоҷик дар Италия

Ду варзишгари тоҷик дар риштаи варзиши гӯштини сумо дар Италия бо ҳарифони худ қувваозмоӣ карда, соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар ин бора ба сомонаи «Рӯзгор» муовини президенти Федератсияи сумои Тоҷикистон Сайфулло Мавлонов хабар дод.

1.fotteh-mukhtorov 1Ба иттилои Сайфулло Мавлонов, ду варзишгари тоҷик - Рустам Ғуломалиев дар вазни – 115 кг  ва Фотеҳ Мухторов дар вазни + 115 дар мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба гӯштини сумо дар байни ҳарифони худ аз 10 давлати қитъаи Аврупо рақобат карда, дар ҳисоби инфиродӣ соҳиби ҷойи саввум ва медали биринҷӣ гардиданд.

Ба ҳамин минвол дар ин мусобиқа давлатҳои Италия, Тоҷикистон, Нидерландия, Австрия, Англия, Финландия, Германия, Норвегия, Белгия ва Франсия ширкат варзида, дар ҳисоби даставӣ Нидерландия ҷои якум, Италия ҷои дуюм, Германия ҷои сеюм ва Тоҷикистон ҷои чорумро мушарраф гаштанд.

Гуфта мешавад дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон ҳамагӣ се варзишгар як муррабӣ ва як довар ширкат варзидаанд. Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта низ дар ин мусобиқа Тоҷикистон ширкат варзида буд ва дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷои дуюм гардида буданд.

2.fotteh-mukhtorov 1Дар ҳамин ҳол Фотеҳ Мухторов, президенти Федератсияи гӯштини сумои Тоҷикистон мегӯяд, ки имсол низ Тоҷикистон имкон дошт ҷои сазоворро ишғол кунад, аммо аз сабаби дарёфт накардани маблағ барои ду варзишгари хуби дигар мо натавонистем ҳардуро ба ин мусобиқа сафарбар кунем то онҳо иштирок кунанд ва дар сатҳи шоиста аз номи Тоҷикистон ҳимоят кунанд. Ягон сарпараст надорем. Аз ҳисоби маблағҳои худӣ озими ин мусобиқа шуда будем.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба гӯшттини сумо аз 20 то 23 июли соли равон дар шаҳри Рим ҷараён дошт.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi