«Ҳамоиши тиҷории Душанбе-2013» оғоз ба кор кард
Имрӯз, 18-уми майи соли 2013 дар Бӯстонсарои ҳукуматии берун аз шаҳрии «Пуғус», дар доираи Вохӯрии солонаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Рушд бо дастгирии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, таҳти сарпарастии Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Форуми соҳибкории Душанбе-2013» баргузор гардид.
Дар кори Форум, Муовини якуми Сарварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, Директори Корпоратсияи Исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Халед Ал-Абудӣ, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ, аз ҷумла сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд иштирок намуданд.
Форумро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садиов Д.Ш. оғоз бахшида, меҳмонони олиқадрро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Сипас, Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатов М.С. ва директори Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ, Халед Ал-Абудӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.
Аксҳо аз «Ҳамоиши тиҷории Душанбе-2013»
Аз ҷумла қайд гардид, ки мақсади доир намудани Форуми имрӯза, баррасӣ намудани имкониятҳои мавҷудаи тиҷоратию сармоягузорӣ, тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодии байни Тоҷикистон ва кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд тавассути ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Инчунин дар ҳамоиш фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ ва дурнамои он муаррифӣ карда шуданд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, молия, обтаъминкунӣ, азхудкунии заминҳо ва дигар бахшҳо бо Бонки Исломии Рушд лоиҳаҳои самаранокро татбиқ намуда истодааст.
Форум ба сармоягузорону соҳибкорони Тоҷикистон барои муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои аъзои Бонки Исломии Рушд ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт имкониятҳои наҷибро фароҳам овард. Ҳамзамон, бо иштирокчиёни Форум, шабакаҳои молиявии Бонки Исломии Рушд дар кишварҳои аъзои Бонк, рушди низоми исломии бонкдорӣ ва имкониятҳои ширкатҳои лизингии Бонк муаррифӣ карда шуд.
Директори Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ ҷаноби Халид Ал-Абудӣ қайд намуд, ки мақсади Форуми мазкур барои сармоягузорон, соҳибкорон ва сиёсатмадорон ҳамчун инъикосгари имконияти ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодӣ миёни соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ дар доираи Бонки Исломии Рушд ва дар ҳамбастагӣ истифода бурдани имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ, маҳсуб меёбад.
Дар бораи Корпоратсияи Исломии Рушд
Корпоратсияи Исломии Рушд ташкилоти бисёрҷониба буда, аъзои Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мебошад. Мақсади асосии Корпоратсияи Исломии Рушд дастгирии рушди иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакатҳои аъзои он тавассути расонидани хизматрасониҳои молиякунонӣ ва ё сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад, ки ба принсипҳои шариат мувофиқ мебошанд. Корпоратсияи Исломии Рушд ба ҳукумат ва ташкилотҳои хусусӣ тавсияҳоро вобаста ба таъсисдиҳӣ, васеъкунӣ ва муосиранамоии корхонаҳои хусусӣ пешниҳод менамояд. Маълумоти иловагиро дар сомонаи www.icd-idb.com дарёфт карда метавонед.
"Рӯзгор"