Крупнов: Аз даст додани Тоҷикистон аз даст додани минтақа аст
Муаллифи тарҳи пуриддаои маъруф ба "Нақшаи Крупнов" дар як гуфтугӯ бо мо аз имкони ҷалби миллиардҳо доллар сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Рӯзи 15 май дар шаҳри Душанбе «Тарҳҳои стратегиии сармоягузорӣ барои Тоҷикистон ва Осиёи Миёна», ё марҳалаи дувуми «Нақшаи Крупнов» муаррифӣ шуд. Ин нақшаи пуриддао, ки беш аз 100 лоиҳа ва ҷалби то 12 миллиард доллар сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон дар 5 соли ояндаро дар назар дорад, дар ҳамоиши байналмилалии «Нақши Тоҷикистон дар рушди АвроОсиё» бо ширкати коршиносони хориҷӣ ва дохилӣ баҳс шуд. Мубтакири «Нақшаи Крупнов», Юрий Крупнов, раиси «Ҳаракати рушди Русия» ва раҳбари Пажуҳишгоҳи демография, муҳоҷират ва рушди минтақаҳо, дар ҳошияи ин ҳамоиш ба чанд суоли хабарнигори Озодӣ посух дод.
-Шумо ба унвони мубтакири «Нақшаи Крупнов» аз кӣ намояндагӣ мекунед?
-Аз ҳеҷ кас. Ман намояндаи ҳукумати Русия нестам, балки мо дар системаи дипломатияи ҷамъиятии сатҳи олӣ фаъолият дорем. Ба ин далел, ман созмони ҳукуматӣ нестам. Чизи дигар ин аст, ки ҳангоми омодагӣ ба ин мизигирд мо бо ниҳодҳои федеролии ҳукумати иҷроия ва сохторҳои сиёсӣ машварат кардем ва ман комилан ба шумо кафолат медиҳам, ки ҳоло ҷустуҷӯи муассири шеваҳои нави сиёсат нисбат ба минтақаи Осиёи Миёна ҷараён дорад.
Яъне ҳарф сари он нест, ки ҳоло тасмими ниҳоӣ гирифта шудааст, балки ҷустуҷӯи тасмим идома дорад. Ва баҳси мо ва чунин чорабиниҳо, ки ба он раҳбарияти Русия нигоҳи мусбат дорад, барои таҳияи чунин тасмим мусоидат мекунад. Сониян, дар ҳар сурат бо назардошти баррасиҳо ва тасмимоти Корпоратсияи ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ умед аст, ки дар тирамоҳ сохторе дар як бонки рушди Русия арзи вуҷуд кунад. Он чи мусаллам аст, раҳбарияти сатҳи олии Русия ин идеяро ҷонибдорӣ мекунад. Ояндаи он дар иҷро ва суръати он хоҳад буд. Ман худро аз ҳар ниҳоди давлатӣҷудо мешуморам, вале мехоҳам бигӯям, ки хеле супориши ҷиддие барои як сиёсати нав дар Осиёи Марказӣ рӯи даст аст.
-Аммо «Нақшаи Крупнов» ё иҷрои он сармояи зиёдеро мехоҳад. Манобеъи ин маблағ аз куҷост ва ба чӣ соҳаҳое равона карда мешавад?
-Аввал ин ки гап дар бораи додани маблағ ва лоиҳаҳои хароҷотӣ намеравад, балки ҳарф сари лоиҳаҳои сармоягузориест, ки бигузор стратегӣ ҳам бошанд. Ба ин хотир ҳама машваратҳои муқаддамотӣ бо бонкҳои калидии Русия анҷом шудаанд. Ҳамзамон корҳо дар робита ба дархостҳои бонкӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо ҷараён дорад. Аммомо бояд инро ба Тоҷикистон пешниҳод кунем ва тасмимеро рӯи даст дошта бошем. Аз ин рӯ, ба ин назарам, ки ман теъдоди бузурги шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам, ки мехоҳанд то муносибати бародаронаи мо дорои заминаи муассири моддӣ бошад ва аз доираи эъломияҳо фаротар биравад.
-Дар гузашта низ ваъдаҳое аз ҷониби Русия шунида шуд. Ба хусус, сафари моҳи октябри соли 2004 Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия шомили ваъдаи сармоягузории 2 миллиард доллар ба иқтисоди Тоҷикистон буд, ки дар ниҳоят танҳо нерӯгоҳи «Сантӯда -1» сохта шуду тамом. Як даҳаи ахир чунин ба назар мерасад, ки Русия худ намехоҳад ба иқтисоди Тоҷикистон сармоя ворид кунад ва ҳамзамон ба дигарон низ ин имкониятро намедиҳад. Чаро чунин аст?
-Инки гӯё Русия ба дигарон имкони сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро намедиҳад, бофтаи хаёл аст. Ба душворӣ метавон дарк кард, ки Русия ба касе дар ин замина монеъ шавад, барои мисол, Амрикоро, ки сармояи ҳангуфт дорад, нагузорад, ки ба нерӯгоҳи Роғун сармоя гузоранд. Русия инҷо дасте надорад. Дар асл , лоиҳаҳо дар фазои пасошӯравӣ, аз он ҷумла дар Русия амалан вуҷуд надоранд. Он мактаби шӯравии барномарезии стратегӣ дигар нест ва як низоми нав ба ҷояш рӯи кор наомадааст.
Барои ҳамин, ҳоло ҳарф сари он нест, ки кадом 5 ё 7 лоиҳа баргузида мешаваду линчаҳои пул ҳам тайёр бошад. Агар ин маблағ дар ҷайби ман ҳам бошад, вале ҳеҷ чизи хуберо оғоз карда намешавад. Кадрҳои мудирият, муҳандисӣ ва дигар низ нест. Барои ҳамин лоиҳаҳои стратегии сармоягузорӣ ин ба роҳ андохтани модели нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ҳама кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ин танҳо барои Тоҷикистон нест. Аммо дар бораи нақши Тоҷикистон дар фазои АвруОсиё инро гуфтаниам, ки агар мо дар воқеъ чунин лоиҳаҳоеро дар ин ҷо коркард ва маврид иҷро қарор диҳем, ин стимули бузурге барои АвроОсиё ва кулли кишварҳои пасошӯравӣ хоҳад шуд.
-Аммо ҷаноби Крупнов, бубинед, то ба ҳол созишномаи пойгоҳи 201, ки дар ҷараёни сафари ахири Владимир Путин, имзо шуд, дар парлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидаанд. Оё масоили низомӣ монеъи иҷрои «план» -и шумо нахоҳад шуд?
-Халал намерасонанд. Онҳое, ки мунтазиранд, ки созишномаи марбут ба тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба имзо намерасад ва мушкилоте пеш хоҳад омад, иштибоҳ мекунанд. Ин вазъияти муваққатӣ аст ва ҳамааш хуб хоҳад шуд. Аммо дар робита ба лоиҳаҳои сармоягузории стратегӣ, инро мегӯям, ки элитаҳо ва бюрократҳои ҳама кишварҳо ба ин омода нестанд. Ин мушкили ҳамаи мост. Дар ин замина на танҳо нухбагони сиёсӣ, балки ҳар як намояндаи ҷомеаи мадании Русия ва Тоҷикистон бояд саҳми худро гузорад. Он бозоре, ки дар гузашта буд, алъон кор намекунад. Ниёз ба барномарезии стратегӣ пеш омадааст.
-Дар ин сурат, Тоҷикистон барои Русия ва Русия барои Тоҷикистон метавонад шарики бақуввати иқтисодӣ шаванд?
-Ман фикр мекунам, варианти дигаре вуҷуд дошта наметавонад. Агар мо (Русия) Тоҷикистонро ба унвони шарики иқтисодӣ аз даст диҳем, пас мо ҳама сиёсати геополитикии Русияро на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балкӣ ҳатто дар Урал ва Сибир аз даст медиҳем.
«Озодӣ»