04:22:01 23-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

УЗВИЯТИ КОМИЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЗМОНИ ТИҶОРАТИ ҶАҲОНӢ

Тоҷикистон имрӯз, 2 март, ба унвони 159-умин узви комилҳуқуқи Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ (СТҶ) пазируфта шуд. Узвияти ин кишвар пас аз 11 соли музокира бо аъзои ин созмон ба тасвиб расид. Ба ин муносибат Дабирхонаи умури иқтисодии давлати Суис ва Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ давлати Тоҷикистонро табрик ва ба ҳимояти худ аз ин кишвар дар даврони пас аз касби узвият таъкид кардаанд.

/images/stories/2013/03/02_tajikistan_wto_020313.jpgПитер Микуло, раиси намояндагии Ожонси Ҳамкории Суис дар Тоҷикистон, дар баёнияе, ки ин созмон рӯзи ҷумъаи авали март интишор дод, гуфтааст: "Узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба хотири иродаи сиёсӣ ва таъаҳҳуде, ки раисҷумҳур ва ҳукумати ин кишвар нишон доданд, ҳосил шуд."

Вай афзуда, ки Дабирхонаи умури иқтисодии давлати Суис ба Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон барои корҳои азиме, ки аз соли 2001 ба ин сӯ анҷом дод, ибрози сипос мекунад.

Оқои Микуло ҳамчунин мақомот ва кормандони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва аъзои тими музокиракунандаи ин кишварро, ки "бе ҳузури онҳо пайвастан ба СТҶ эҳтимолан ғайримумкин буд" ба ин муносибат шодбош гуфтааст.

Давлати Суис эълом карда, ки барои иҷрои тарҳҳои марбут ба Созмон Тиҷорати Ҷаҳонӣ ба ироаи кумакҳои худ ба Тоҷикистон, аз ҷумла барои рафъи мавонеъи тиҷорӣ, андешидани тадобири беҳдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқи моликияти фикрии марбут ба тиҷорат, санъати нассоҷӣ ва либос идома хоҳад дод.

Питер Микуло гуфтааст, ки касби узвияти СТҶ барои Тоҷикистон гоми бузурге дар ҷиҳати табдил шудан ба як давлати аз лиҳози иқтисодӣ устувор аст. Бо ин ҳол, иҷрои таъаҳҳудоте, ки дар ҷараёни пайвастан ба ин созмон пешбинӣ шуда буд, чолише барои оянда хоҳад буд.

Вай афзудааст: "Дар бисёре аз арсаҳо, узвияти СТҶ, тағйироти ҷиддиеро дар наҳваи тиҷорат ва касбу кор, бозомӯзӣ ва назорати доимӣ ба хотири тавсеъаи содироти ғайрисуннатиро тақозо мекунад."

Ба гуфтаи ӯ, рақобатӣ шудани саноеъи дохилии Тоҷикистон низ ба ҷавви тиҷорат ва авомили дигар, монанди нархи энержӣ, иртиботот, хадамоти молӣ, зербиноҳо ва монанди инҳо бастагӣ дорад.

Оқои Микуло муътақид аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба СТҶ фазо ва ҷавви тиҷоратро беҳтар хоҳад кард, аммо ба шарте, ки давлат ва бахши хусусии ин кишвар ба таъаҳҳудоти худ дар заминаи анҷоми ислоҳот дар иқтисоди дохилӣ пойбанд бимонанд.

Саидраҳмон Назриев, муъовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ба навбаи худ гуфтааст: "Акнун, ки узвияти Тоҷикистон дар СТҶ комил шуд, вазифаи мо иборат аз омода сохатни Нақшаи роҳи давлат барои марҳилаи баъд аз касби узвият (4-5 соли оянда) аст."

Вай афзуда: "Ин амр имкон медиҳад, ки вазорату идороти зидахл ва бахши хусусӣ аз фурсатҳои мавҷуд баҳра бигиранд ва чолишҳоеро, ки узвияти СТҶ пешорӯи онҳо мегузорад, рафъ кунанд."

Оқои Назриев эълом кардааст, ки ин нақшаи роҳ дар моҳҳои оянда таҳия ва барои баррасӣ дар ихтиёри ҳамаи вазоратхонаҳо ва идороти давлатӣ, шарикони тавсеъа, кишварҳо ва созмонҳои ёригари Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд.

Мақомҳои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз давлати Суис ва кишварҳову созмонҳои дигари ёригар барои ибрози ризоят ва омодагӣ ба ҳимоят аз Тоҷикистон, аз ҷумла дар таҳия ва иҷрои ин нақшаи роҳ, ибрози сипос кардаанд.

Тоҷикистон соли 1991 барои касби узвияти Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дархост дода буд. Прутукули узвияти Тоҷикистон дар ин созмон 10 декабри гузашта аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ва Поскол Ломӣ, мудири омили Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ, имзо шуд.

Аввали моҳи феврал Тоҷикистон санади узвияти худро дарёфт кард. Баъд аз як моҳи дарёфти ин санад, узвияти Тоҷикистон дар ин созмон ба расмият даромада ва аз имрӯз муъомилоти тиҷории байналмилалии он дар чорчӯби муқаррароти ин созмон анҷом мешавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi