02:22:16 24-уми Октябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Октябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУРОҶИАТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ТОҶИКИСТОН БА 200 ДАВЛАТИ ДУНЁ

Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар 8-умин CD диски худ барои маълумоти мушаххас пайдо намудани соҳибкорони хориҷӣ номгуи 500 ширкати бонуфузтарини кишварро бо намуди фаъолият ва суроғаашон роҳандозӣ намудааст.

/images/stories/2013/01/10_sharif-said-100113.jpgШариф Саид, раиси палатаи мазкур, ки дар як нишасти хабарӣ аз фаъолияти 6 моҳаи худ ҳисобот медод, нақши ин гуна CD дискҳоро, ки қаблан ҳам дар палата омода мекарданд, дар ҷалби соҳибкорони хориҷӣ ба кишвар муассир унвон кард.

Номбурда илова намуд, ки дар CD диски 8-ум ҳамчунин иттилоъ дар мавриди қонунҳои марбут ба соҳаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, қонунҳое, ки сармоягузорони хориҷиро ҳимоя мекунанд, маълумот роҷеъ ба 400 лоиҳаи мухталиф ва дигар оморҳое вуҷуд доранд, ки муаррификунандаи Тоҷикистон дар самти соҳибкорӣ шуда метавонанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноат иброз дошт, ки барои муаррифии Тоҷикистон ба 200 давлати дунё ва 700 минтақаҳои гуногуни ҷаҳон муроҷиатнома ирсол намудааст.

Шариф Саид таъкид кард, зимни муроҷиат хоҳиш мекунад, ки иттилоъ дар бораи фазои сармоягузорӣ, маълумот  дар мавриди бойгариҳои табиии Тоҷикистонро дар сомонаҳои интернетии худ ҷой диҳанд: «Ин ба он хотир аст, ки хориҷиён дар бораи Тоҷикистон бештар иттиллоъ пайдо намоянд».

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки Палатаи савдо ва саноат дар соли гузашта ба корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ хизмат расонидааст.

Масъулини палатаи мазкур мегӯянд, дар соли 2012 дар Душанбе ҳамагӣ 18 намоишгоҳ гузаронидаанд, ки дар соли равон низ баргузории як қатор намоишгоҳҳои дигар низ дар назар аст.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi