11:15:23 01-уми Июни 2025 сол

САТҲИ БОЛОИ ИҚТИСОДИ ҒАЙРИРАСМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) сатҳи иқтисоди ғайрирасмӣ ё ба истилоҳ “иқтисоди сиёҳ” дар Тоҷикистонро беш аз 30 дар сади Маҳсулоти нохолиси миллӣ арзёбӣ кардааст.

/images/stories/2012/11/13_imf-131112.jpgЮха Кяхконен, муъовини раҳбари Бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии СБП зимни муъаррифии гузориши “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ: Қафқоз ва Осиёи Марказӣ”-и ин созмон дар рӯзи душанбеи 12 ноябр, ба афзоиши ҳаҷми иқтисоди ғайрирасмӣ дар кишварҳои собиқи шӯравӣ таъкид кардааст.

Тибқи ин гузориш мизони иқтисоди ғайрирасмӣ дар Қазоқистону Гурҷистон 30 дар сад ва дар Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон болиғ ба 30 дар садро ташкил додааст. Бино ба иттилоъи ин манбаъ, сатҳи иқтисоди ғайрирасмӣ дар Ӯзбакистон 15 дар сад ва дар Қирғизистон 25 дар сад будааст.

Дар ҳамин ҳол, як корманди масъули Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, тибқи иттилоъи расмӣ мизони иқтисоди ғайрирасмӣ дар ин кишвар ҳудуди 25 дар садро ташкил медиҳад.

Аммо Маркази таҳқиқотии “Шарқ”, як созмони ғайридавлатии Тоҷикистон, ки ду соле қабл дар мавриди вуҷуди иқтисоди ғайрирасмӣ дар ин кишвар пажӯҳише анҷом дода буд, мизони “иқтисоди сиёҳ” дар Тоҷикистонро ҳудуди 60 дар сад арзёбӣ кардааст.

Аз сӯйи дигар, Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он ки амалиёти иқтисоди ғайрирасмӣ ба таври махфӣ сурат мегирад, мушаххас кардани ҳаҷми ин иқтисод душвор хоҳад буд.

Ҳамзамон, оқои Шабдолов қасрҳои мӯҳташам ё худравҳои гаронбаҳоро аз нишонаҳои “иқтисоди сиёҳ” унвон кард, ки бархе афрод бо ҳуқуқи ночиз тавонистаанд чунин манозил бунёд карда ва худравҳоро харидорӣ кунанд.

Ба эътиқоди ӯ, имкон дорад Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон “манобеъи даромади афроди сарватманди Тоҷикистонро таҳлил карда ва мушаххас кунад, ки ин маблағҳои зиёд аз куҷо ба даст омадааст.”

Зимнан, дар ҷараёни тасвиби Кодекс ё Қавонини ҷадиди молиёти Тоҷикистон дар иҷлоси фавқулоддаи Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар моҳи сентябри соли ҷорӣ масъулони ниҳодҳои давлатӣ вуҷуди “иқтисоди сиёҳ” дар Тоҷикистонро таъйид карда ва гуфта буданд, ки аз тариқи коҳиши теъдоди молиёт ва додани имтиёзҳо ба соҳибкорон мумкин аст аз густариши домани иқтисоди ғайрирасмӣ дар ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Дар Кодекс ё Қавонини ҷадиди молиёти Тоҷикистон, ки аз аволии моҳи январи соли оянда мавриди иҷро қарор мегирад, теъдоди молиёт дар ин кишвар аз 17 то 10 адад коҳиш ёфтааст.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854