11:36:03 10-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2029 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

ҲУШДОРИ IMF: “АЗ ҲОЛО “СИПАР”-И ПУЛИИ ЗИДДИ БӮҲРОН СОЗЕД”

Бино бар пешбинии Сандуқи Байнулмилалии Пул, рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли оянда боз ҳам камтар хоҳад буд.

/images/stories/2012/10/09_buhroni-iqtisodi-091012.jpgДар гузориши нави Сандуқи Байнулмилалии Пул (IMF) гуфта мешавад, ки иқтисоди ҷаҳон мисол на ба гунае, ки дар мояи июл пешбинӣ мешуд, 3,5, балки 3,3 дарсад рушд хоҳад кард. Агар сиёстгузорони Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида илоҷе барои иқтисодиёти бемори худ наёбанд, пасрафт ҳамоно идома хоҳад кард. Ин бӯҳрон ба ҳамаи олам, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Сарвари  бахши иқтисодиёт дар IMF, Оливер Бланкард гуфт, низоми сусти молиявӣ, бонкҳои гирифтор ва ҳамчунин “ҳисси умумии номуайянӣ”-ро омилҳое номид, ки аз замони рӯ задани бӯҳрони қарз дар соли 2008 то ҳоло ба пешрафти иқтисодии ҷаҳон халал мерасонанд. Вай дар муаррифии пешбиниҳои нави Сандуқи Байнулмилалии Пул дар Токио гуфт:

“Ба он иллат, ки ҷаҳони имрӯз хеле решапайванд аст, чизе ки дар як бахши он иттифоқ меафтад, ба қисматҳои дигар таъсир мекунад ва ҳама чиз якҷоя рушдро коҳиш медиҳанд.”

Ҳамин гуна бӯҳрони қарз дар Иттиҳоди Аврупо беш аз ҳама ба Русия, Қазоқистон ва Украина зарба задааст. Дар ин кишварҳо пешрафте, ки то 5 дарсад ҳадс зада мешуд, амалан байни 3 то 4-ро ташкил хоҳад дод. Аммо акнун коҳиши суръати рушди иқтисод мамоликеро ҳадаф хоҳад гирифт, ки маводи энержиро аз хориҷ ворид мекунанд.

Эҳтимол меравад, зери фишори ҷамъи омилҳо вазъ дар Беларус бадтар ва нархҳо дар ин ҷо то 60 дарсад боло хоҳанд рафт. Ҳарчанд рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар соли оянда аз ҳама баланд – 6 дарсад пешбинӣ мешавад, ин ҷо ҳам болоравии нарх ва таварруми баробар бо 8,1 дарсад на танҳо пешрафтро ба сифр поин хоҳад овард, балки зиёда аз 2 дарсад пасрафтро дар назар хоҳад дошт.

Дар гузориш гуфта мешавад, пайвандҳои наздики ин кишварҳо бо иқтисоди Русия, ки рушди он дар соли оянда ҳамагӣ 3,4 дарсадро ташкил хоҳад дод, ба ноқили фишори чунин вазъ табдил хоҳанд ёфт.

Биноан, IMF ба ин кишварҳо тавсия додааст, ки аз вазъи феълии худ “сипар”-ҳои молиявӣ бисозанд ва оромиши нисбии ҳозираро барои таҳкими захираҳои нақдӣ ва роҳандозии ислоҳоти сохторӣ истифода кунанд, то битавонанд, аз шебу фарозҳои шиддатноки молиявии ҷаҳон “ҷон ба саломат” баранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi