11:24:16 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИШТИРОКИ 30 ШИРКАТИ ЭРОНӢ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

Дирӯз, 12-уми сентябр, дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт намоишгоҳи байналмилалии Эрон бо иштироки 30 ширкати эронӣ ва корхонаҳои бузурги саноатӣ аз вилояти Мозандарону шаҳри Сории Эрон ба кор шурӯъ кард.

/images/stories/2012/09/13_kloop-borbad-130912.jpgАсаналӣ Карамалиев, муовини сардори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори «Рӯзгор» иттилоъ дод, ки дар ин намоишгоҳ ширкатҳои бузурги эронӣ молу маҳсулот, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро пешкаши соҳибкорону тоҷирон  ва дигар намояндагони доираҳои соҳибкорӣ менамоянд:

«Ширкатҳи эронӣ, ки дар намоишгоҳ иштирок мекунанд, дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ фаъолият  менамоянд. Дар намоишгоҳ самтҳои гуногуни фаъолият аз ҷумла : чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ, зироаткорӣ, истеҳсоли гӯшт, моҳӣ, мурғ, тухм, шир, коркарди меваҷот ва сабзавот, гулпарварӣ ва ғайра манзури бинандагон мегарданд. Инчунин, таҷҳизот ва техникаву технология  низ намоиш дода мешавад».

Номбурда иброз дошт, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи мазкур равнақу ривоҷ додани ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ва саноати хӯроквории кишварҳои дӯсту бародар-Тоҷикистону Эрон мебошад. Асаналӣ Карамалиев таъкид кард, ки  умедворанд, ки намоишгоҳи байналмилалии Эрон, ки дар Душанбе доир мегардад, муносибатҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ фаъолтар мегардонаду барои боз ҳам пурсамартар гардонидани ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар қатори савдои беруна шаклҳои дигари ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба мисли созмон додани корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояро ба роҳ хоҳад монд:

«Вобаста ба гуфтаҳои боло боз ҳаминро бояд қайд намоям, ки наздик будани сарчашмаҳои ашёи хом, бозори афзалиятноки фурӯш дар минтақа, қувваи коргарии арзону касбӣ ва қабули як қатор қонунҳо, ки ҳифзи сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкориро таъмин менамоянд, Тоҷикистонро барои сармоягузорон ҷолиб гардондааст».

Бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ бар ин назаранд, ки дар муносибатҳои иқтисодӣ имкониатҳое, ки миёни Тоҷикистону Эрон вуҷуд дорад, ҳанӯз пурра истифода бурда нашудаанд. Эрон дар минтақа яке аз дӯстони стротегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта сохтмони чандин лоиҳаҳои мухталиферо дар Тоҷикистон рӯи даст дорад.

Темур Раҷабализода, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi