10:20:30 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

РАҲИМЗОДА: “СОМОНӢ УСТУВОР ХОҲАД ШУД”

 

 Масъулони Бонки Миллии Тоҷикистон иддаъо доранд, ки уфти баҳои сомонӣ, пули миллии ин кишвар дар қиболи дулор ба сатҳи ниҳоӣ расидааст.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ рӯзи сешанбе, 26 май, эълом кард, ки ҳамакнун қиммати дулор дар қиболи сомонӣ ба сатҳи ниҳоӣ расидааст ва аз ин ба баъд шароити устувор шудани пули миллии ин кишвар вуҷуд дорад. Зимнан, дар ҳафтаи ахир баҳои дулор дар Тоҷикистон аз 420 то ба 465 сомонӣ барои як сад дулор боло рафтааст. Бо ин вуҷуд харидории дулор дар дӯконҳои саррофӣ бо чунин қиммат мушоҳида намешавад. 

Ба гуфтаи соҳибони ин дӯконҳо онҳо ба харидории маблағи зиёди дулор барои тоҷирон суфориш гирифтаанд, ки қиммати он болиғ бар 475 сомонӣ барои як сад дулор будааст. 
Оқои Шарифзода гуфт, ки пайёмадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои дигар дертар мушоҳида мешавад ва ба ин далел болоравии баҳои дуллор дар ин кишвар ҳамкнун бештар эҳсос мешудааст. 

Аз гуфтаҳои оқои Раҳимзода чунин бармеояд, ки давлати Тоҷикистон ба танназули баҳои сомонӣ дар қиболи дулор то ба ин сатҳ мувофиқ будааст. Ҳарчанд раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз пешбинии баҳои дулор дар оянда худдорӣ кард, вале гуфт, ки "аз устувории баҳои сомонӣ хушбин аст".

Илали аслии болоравии баҳои дулор дар қиболи сомониро оқои Раҳмизода ба тавозуни содирот ва воридот дар равобити хориҷаи иқтисодии Тоҷикистон медонад. Вай хабар дод, ки дар соли гузашта тавозуни содироту воридоти кишвар муъодили як бар як мумаъиз ҳашт дулор будааст. Ин рақам дар авоили соли ҷорӣ ба як бар се мумаъиз ҳашт дулор расидааст. 

Ҳамакнун ба гуфтаи оқои Раҳимзода, ин рақам то ба 2,5 коҳиш ёфта ва ин раванд идома дорад. Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон аз суолоти мукаррари хабарнигорон, ки чӣ омилҳое дигаре барои хушбинии вай аз устувор шудани баҳои сомонӣ дар даст дорад, худдорӣ кард. 

Ин дар ҳолест, ки зимни тасвиби ислоҳоти буҷети Тоҷикистон барои соли ҷорӣ дар порлумон, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, эълом карда буд, ки арқоми ҷадиди буҷет бо дарназардоште таҳия шудаанд, ки дар соли ҷорӣ баҳои як дулор болиғ бар 4,2-4,3 сомонӣ нахоҳад буд.

Оқои Раҳимзода, дар посух ба ин суол, ки болоравии ахири баҳои дулор боиси ислоҳоти ҷадид ба буҷети кишвар хоҳад буд ё хайр гуфт, ки "арзиши сомонӣ наметавонад барои ислоҳи буҷет далел бошад".

Вале ба гуфтаи Шариф Раҳимзода, пойин рафтани баҳои сомонӣ ба рушди тавлидоти дохилӣ ва фаъол шудани корхонаҳои санъатии Тоҷикистон мунҷар хоҳад шуд. Зеро, ба эътиқоди вай, бо чунин баҳои дулор воридоти колоҳои хориҷӣ барои тоҷирон суде нахоҳад дошт. 

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳимзода хабар дод, ки дар зарфи чанд моҳи ахир алорағми таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, Бонки Миллии Тоҷикистон 187 килугромм тилло харидорӣ карда, мизони захоири арзиаш ба 183 милюн дулор расидааст. 

Дар ҳамин ҳол, раиси Бонки Миллӣ гуфт, ки Тоҷикистонро зарур аст баҳои пули миллии худро бо арзи кишварҳои шарики иқтисодиаш иртибоит диҳад. Вай гуфт: "Чаро мо пули миллии худро бо дулор муқоиса мекунем? Омрико шарики иқтисодии Тоҷикистон нест. Мо бояд бештар ба пули миллии Чин, Русия, Қазоқистон ва сойири кишварҳои шарики худ рӯй биоварем".

www.bbc.co.uk/tajik 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi