09:11:57 13-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

КОҲИШИ НИРӮИ БАРҚ ДАР ҚАЛАМРАВИ КИШВАР

Мақомоти Идораи назорати давлатии барқ дар Тоҷикистон аз коҳиши мизони талафоти нерӯи барқ дар қаламрави ин кишвар хабар доданд.

Мавҷуда Келдиёрова, раиси Идораи назорати давлатии барқ, рӯзи панҷшанбеи 20 август дар мизи гирди “Иқдомоти истифода ва сарфаҷӯйӣ аз манобеъи энержӣ” дар шаҳри Душанбе ин мавзӯъро баён кард. Ин ҳамоиш ба ибтикори давлати Тоҷикистон ва Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Душанбе сурат гирифт. Хонум Келдиёрова гуфт, ки мизони талафоти нерӯи барқ дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 13,4 дарсадро ташкил додааст. 

Ин дар ҳолест ки ин рақам дар шаш моҳи нахусти соли гузашта ба беш аз 18 дарсад баробар будааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ба далели фарсуда будани таҷҳизоти барқрасонӣ ва истифодаи ғайримуассир аз нерӯи барқ ҳамасола дар Тоҷикистон ду милёрду 800 милюн килувот соъат нерӯи барқ талаф мешавад.

Хонум Келдиерова истифода аз лампаҳо ё чароғҳои каммасраф ва муҷаҳҳаз шудани сокинони бештари манотиқи кишвар бо ҳисобкунакҳои барқиро омили коҳиши чашмгири талафоти нерӯи барқ дар кишвар унвон кард.

Ин дар ҳолест ки тибқи гузориши Бошгоҳи созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитӣ Тоҷикистон, аз тариқи сарфаҷӯйӣ аз нерӯи барқ, имкони коҳиши ҳудуди 40 дарсади талафот дар бахши саноеъ, ҳудуди 30 дарсад дар хутути барқ ва то 50 дарсад дар манозили иҷтимоъӣ ва хусусиро метавон таъмин кард.

Хонум Келдиёрова мегӯяд истифода аз чароғҳои каммасраф дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад ва ҳамакнун оморҳо ҳокист, ки беш аз 13 ҳазор корхонаи санъатӣ дар кишвар аз чунин чароғҳо истифода мекунанд.

Аммо Алихон Латифӣ, раиси Бошгоҳи созмонҳои ғайридавлатии зистмуҳитӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд чароғҳои каммасрафе, ки тавассути ширкатҳо ва соҳибкорон ба кишвар ворид шудаанд, дар бештари маворид дорои кайфияти пойин мебошанд.

Оқои Латифӣ гуфт: “Се адад аз чароғҳои каммасрафро дар ҳуҷраҳои кории худ насб кардам, аммо ин чароғҳо бо гузашти замоне андак корношоям шуданд. Дар ҳоле ки чароғҳои пешин ҳамчунон сиҳҳат боқӣ монданд.” Ба гуфтаи оқои Латифӣ, бо он ки истифода аз чароғи каммасраф омили сарфаҷӯйӣ аз нерӯи барқ хоҳад буд, аммо сиёсати ворид кардани чунин чароғҳо тавассути ниҳодҳои давлатӣ ба таври дуруст ба роҳ монда нашудааст. 

Вай мегӯяд дар канори ин ки бештари ин чароғҳо бидуни кайфият ҳастанд, ҳамзамон барои саломатии инсон зарар доранд. Дар ҳар сурат, мақомоти Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълии бӯҳрони энержӣ дар кишвар бар истифодаи густарда аз чароғҳои каммасраф дар корхонаҳо ва манозили ҷамъиятӣ ва шахсӣ таъкид доранд.

Аммо бештари соҳибназарон бар инанд, ки таблиғу ташвиқи фарҳанги истифода аз нерӯи барқ ба ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқӣ метавонад заминае барои сарфаҷӯйии нерӯи барқ ва аз ин тариқ коҳиши бамаротиби талафоти барқ гардад.

Зимнан, мавзӯъи зарурати истифода аз чароғи каммасраф дар Тоҷикистон барои бори нахуст тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, зимни ироаи паёми солонааш ба порлумон дар авосити моҳи апрели соли ҷорӣ садо дод. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, чароғи каммасраф дар муқоиса бо лампочкаҳои феълии гудохта ҳашт баробар камтар нерӯи барқ масраф мекунад ва мумкин аст дар як сол ба миқдори се милёрду 200 милюн килувот соъат нерӯи барқ сарфаҷӯйӣ шавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои зирабти ин кишвар дастур дода буд, ки то авохири соли ҷорӣ чароғҳои каммасрафро дар манозили сокинон ва муассисот ва корхонаҳо таъмин карда ва дар зарфи ду соли оянда дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди чунин чароғҳоро бунёд кунанд.

Оқои Раҳмон таъкид кард, ки дар сурати амалӣ шудани ин тасмим мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо то андозае ҳалл хоҳад шуд ва сокинони манотиқи рустоӣ ба ивази ду соъат дар зимистони оянда ба муддати 20 соъат дар шабонарӯз нерӯи барқ дарёфт хоҳанд кард.

Ҳамакнун дар бештари бозорҳои Тоҷикистон фурӯшгоҳҳои чароғҳои каммасраф ташкил шудааст, аммо ба иллати кайфияти пойин ва гаронии қимати ин чароғҳо бисёре аз сокинон аз харидории ин таҷҳизот худдорӣ мекунанд. Зимнан, чароғи каммасраф дар бозорҳои Тоҷикистон аз 10 то 80 сомонӣ ё муъодили 20 дулори омрикоӣ қимат дорад, ки хародории он барои бештари сокинон, ки дар фақр ба сар мебаранд, душвор аст.

Ин дар ҳолест ки тибқи дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ниҳодҳои зидахли давлатӣ муваззаф шудаанд, ки то пойизи соли ҷорӣ барои 241 ҳазор хонаводаи камбизоъат чароғҳои каммасрафро фароҳам кунанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi