20:15:25 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАЙОМАДИ БӮҲРОНИ МОЛӢ БАРОИ САНОАТИ ТОҶИКИСТОН

Вазорати иқтисоди Тоҷикистон эълон кард, ки бар асари бӯҳрони молӣ 33 дарсади корхонаҳои саноатии кишвар аз кор бозмондаанд.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба далели бӯҳрони молиявӣ аз 779 корхонаи бузурги саноатии кишвар 214 корхона тамоман кор накарданд. Амонуло Ашуров, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, гаронии қимати гази табиӣ ва дигар ашёҳои барои тавлидот зарурӣ, паст шудани нархи пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳониро аз иллатҳои аз кор бозмондани корхонаҳо унвон кард. 

Вай ба сурати мисол гуфт, ки ба иллати камбуди газ корхонаи бузурги “Тоҷиказот”-и шаҳри Сарбанд аз фаъолият бозмондааст. Ин корхона ба ивази 133 миллион метри мукааби соли гузашта дар соли ҷорӣ танҳо 100 ҳазор метри мукааб гази табиӣ дарёфт кардааст, ки ин миқдор газ барои таътили муваққати таҷҳизоти корхона масраф гардидааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, бар замми он, ки теъдоди зиёди корхонаҳои саноатии кишвар дар соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондаанд, аксари корхонаҳои фаъол низ бо 40 ё 50 дарсади иқтидори худ кор мекунанд. 

Амонуло Ашӯров ба сурати мисол аз ширкати «Талко» ёд овард, ки бар асари коҳиши қимати алюминиюм ҳаҷми тавалидотро ҳудуди 27 дарсад коҳиш додааст. 

Маҳмадшариф Ҳақдодов, муъовини вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар канори камбуди нерӯи барқу газ, бозоргир набудани колоҳо, муҷаҳҳаз набудан бо технологияи замонавӣ ва набуди дастрасӣ ба вомҳои дарозмуддати бо фоизи камро иллатҳои аслии мутаваққиф шудани фаъолияти бештари корхонаҳои саноатии кишвар медонад. 

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи бӯҳрони молиявӣ ва аз кор боз мондани корхонаҳо ҳаҷми талидоти саноатӣ ҳудуди 14 дарсад коҳиш ёфтааст. 

Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли ҷорӣ содироти алюмин ҳудуди 25 дарсад ва пахта бештар аз 28 дарсад коҳиш ёфтааст. Коршиносон ба далели коҳиш ёфтани ҳаҷми содироти ашёи аслии Тоҷикистон ва ҳам аз кор бозмондани 33 дарсади корхонаҳои азими кишвар, 2,8 дарсад рушд ёфтани иқтисоди кишварро баъид медонанд. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳурии Тоҷикистон, ба масъулони корхонаҳои саноатӣ дастур додааст, ки бо истифода аз нерӯи барқи фаровон дар фасли тобистон фаъолияти корхонаҳоро дар ин мавсим дар се баст роҳандозӣ карда ва колоҳои мавриди ниёзро тавлид кунанд.

Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон сари сарнавишти даҳҳо корхонаҳои бузурге, ки дар гузашта хусусигардонида шудаанд, ва то ҳол кор намекунанд, ҳеҷ тадбир наандешидааст. Коршиносон мегӯянд, бархе аз корхонаҳои санъатӣ пас аз хусусӣ сохтан комилан тахриб карда шудаанд, аммо давлат барои ба кор даровардани ин корхонахо ҳеҷ иқдом накард. 

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлигари масоили иқтисодӣ, мегӯяд, давлат бояд наҳваи муносибат бо муасисони корхонаҳои хусусишударо тағйир диҳад ва бо истифода аз фишангҳои худ, корхонаҳои фаъолияташон мутавақифшударо дубора миллӣ гардонад. 

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти даҳҳо ҳазор кормандоне, ки дар корхонаҳои фаъолияташон мутавақифшуда кор мекарданд, то кунун норӯшан боқӣ мемонад. Мақомот аз сӯҳбат дар ин хусус худдорӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, дар пайи аз кор бозмондани фаъолияти корхонаҳои азими саноатии Тоҷикистон шумори бекорон дар ин кишвар боз ҳам афзуда, мунҷар ба поин рафтани сатҳи зиндагии мардум хоҳад шуд.

Аслами Мӯъминзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi