09:21:19 24-уми Майи 2025 сол

НАМОИШГОҲИ МИЛЛИИ ЭРОН ДАР КОХИ БОРБАДИ ДУШАНБЕ

Рӯзи шанбеи 13 ноябр садҳо нафар аз сокинони пойтахти Тоҷикистон барои боздид ва харидории колоҳо ва тавлидоти ширкатҳои эронӣ ба Кохи Борбади шаҳри Душанбе рехтанд. Дар ин ҷо анвоъи мухталифе аз маводди ғизоӣ, монанди шириниву қанду шукулот, чойу биринҷ, масолеҳи сохтмонӣ, лӯлаҳои плостикӣ ва дастгоҳҳои полоиши об, мошинолот, васоили рӯзгор, мебел ва қолиҳои эронӣ ва ғайра аз беш аз 70 ширкати эронӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Клик Барои дидани аксҳо инҷо нохун бизанед

 

iranИн севумин намоишгоҳи колоҳо ва тавлидоти Эрон аст, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон доир мешавад ва аз 13 то 17 ноябр идома хоҳад дошт. Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, дар бист соли ахир ин даҳумин намоишгоҳи колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон аст. Дар муқоиса бо намоишгоҳҳои қаблӣ, ин бор теъдоди бештари корхонаҳо ва ширкатҳои иронӣ тавлидоти худро дар Душанбе ба намоиш гузоштаанд. Шумори харидорон ва боздидкунандагон низ дар намоишгоҳ зиёд ба назар мерасид.

 

Бахтиёр ном сокини шаҳри Душанбе ба дастгоҳҳои полоиши об таваҷҷуҳ дошт: "Бештари хонаводаҳо дар шаҳр ба оби тоза дастрасӣ надоранд, аз лӯлаҳо оби касиф ҷорӣ мешавад. Филтер нахарем, намешавад. Гарон аст, вале "дар зарурат раво бошад" гуфтаанд. Ба ҳар ҳол саломатӣ аз пул муҳиммтар аст."

 

Намоишгоҳи миллии Эрон дар Кохи Борбад дар остонаи иди Қурбон баргузор мешавад, ки барои ҷомеъаи умдатан мусалмони Тоҷикистон бисёр аҳаммият дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ба назар мерасад, ки дастандаркорони намоишгоҳ замони муносиберо барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба колоҳои эронӣ интихоб кардаанд, зеро имрӯзҳо ҳазорон хонавода дар Тоҷикистон ба харидории маводди ғизоӣ ва васоили рӯзгор барои оростани дартурхони идонаи худ машғуланд.

 

Зани миёнсоле, ки дар назди ғурфаи шириниҳо истода буд ва худро Сабоҳат муъаррифӣ кард, гуфт: "Мехоҳам барои дастурхони идона қанду шириниҳои эронӣ харам. Дар бозор қанду шириниҳои эрониро мешавад ёфт, вале азбаски ин мавод то расидан ба харидор байни тоҷирон даст ба даст мешавад, нархаш гаронтар аст. Дар намоишгоҳ бо қимати арзонтар метавонем харидорӣ кунем."

 

Расми ифтитоҳи ин намоишгоҳ бо садои карнайу сурнай оғоз шуд. Саид Шариф, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, ки яке аз мубтакирони баргузории намоишгоҳи миллии Эрон аст, дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт, ки ҳадаф аз доир кардани он густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак бо Эрон аст.

 

Вай таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак имтиёзоти гумрукӣ ва молиётӣ ва замонатҳои ҳуқуқиеро дар назар гирифта ва таъсиси "равзанаи ягона" барои сабти ширкатҳо заминаро барои фаъолияти сармоядорони хориҷӣ ҳамвор кардааст. Зимнан, Эрон аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон аст бо баргузории чунин намоишгоҳҳо, ҷонибҳо мехоҳанд аз як сӯ, барои колоҳои худ бозор ёбанд ва аз сӯйи дигар, мизони мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишварро афзоиш диҳанд.

 

Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол мубодилот миёни ду кишвар дар муқоиса бо давраи мушобеҳ дар соли гузашта, 60 дарсад афзоиш доштааст. Манучеҳри Султонӣ, муъовини тиҷорати хориҷии устони Хуросони Разавӣ, мегӯяд: "Ҳамин ки мо ҳар сол дар иртибот бо бозори Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми тиҷоратӣ дорем, яъне ҳар сол ҳудуди 20 дарсад содироти Эрон ба Тоҷикистон афзоиш ёфта, далел бар ин аст, ки баргузории намоишгоҳҳо ва ҳузур дар бозор ва иртиботи мустақим бо тавлидкунандагон, сармоягузорон ва воридкунандагони тоҷик қатъан таъсироти худро дошта ва мо баргузории намоишгоҳҳоро идома хоҳем дод."

 

Масъулони Утоқи бозаргонии Тоҷикистон ҳам баргузории ин гуна намоишгоҳҳоро ба нафъи ҳар ду кишвар мехонанд. Асаналӣ Карамалиев, муъовини раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон, ин намошгоҳро фурсате муносиб барои ошноии бозаргонҳои ду кишвар бо колоҳо ва хадамоти ҳамдигар хонд.

 

Вай аз ҷумла гуфт: "Ширкатҳо, намояндагони бахши хусусӣ ва тиҷоратии Эрон шароит пайдо мекунанд, ки мустақиман бо ҳамкорони тоҷикашон мулоқот кунанд, дар бораи мушкилоташон сӯҳбат кунанд ва тавлидоти худро муъаррифӣ кунанд. Муштариёни тоҷик ҳам фурсате барои ошноӣ бо молу маводди сохти эронӣ дар намоишгоҳро хоҳанд дошт."

 

Эрон дар Тоҷикистон машғули иҷрои чанд тарҳи бузурги иқтисодӣ дар заминаи энержӣ ва роҳ аст. Бо вуҷуди ин, мақомоти ду кишвар ҳамвора аз зарфиятҳои билқувваи иқтисодӣ ва тиҷоратие миёни ду кишвар сӯҳбат мекунанд, ки ба амалӣ шудан ниёз доранд. Манучеҳри Султонӣ, муъовини тиҷорати хориҷии устони Хуросони Разавӣ, дар ин бора мегӯяд: "Мо таъкид дорем, ки дар заминаи анҷоми хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, бавижа тарҳҳои роҳсозӣ ва саддсозӣ, сохтмонсозӣ, мо ширкатҳои тавонманде дар кишвар дорем, ки метавонанд дар бозори Тоҷикистон ҳузур пайдо кунанд."

 

Вай афзуд: "Мо дар ҳоли ҳозир аз ҳаҷми сармоягузорӣ, содирот ва воридот зиёд розӣ нестем ва ҳанӯз ҳам мӯътақид ҳастем, ки зарфиятҳо ва фурсатҳои тиҷории бисёр зиёде байни ду кишвар ҳаст, ки бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад ва беш аз пеш густариш пайдо кунад."

 

Яке аз мушкилоти умда дар роҳи густариши ҳамкориҳои ду кишвар беэътимодии эрониҳо ба амнияти сармояашон дар Тоҷикистон аст. Баъзе аз соҳибони ширкатҳои хусусии Эрон мегӯянд, ки ширкатҳо ва тоҷирони тоҷик маъмулан паймоншиканӣ мекунанд. Аз ҷумла, Ҳасани Муҳаммадӣ, намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Осмон” дар Тоҷикистон, мегӯяд: "Борҳо шуда, ки тарафҳои эронӣ меоянд ин ҷо, қарордод мебанданд, машғули кор мешаванд, вале барои бозпардохти пулашон бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ва тарафи тоҷикӣ ба ҳеҷ гуна таъаҳҳуде, ки дода, амал намекунанд."

 

Бо вуҷуди ин мавонеъ, забон ва фарҳанги муштараки тоҷикону эрониҳо василаи муҳимме барои густариши равобити тиҷории ду кишвар дар оянда маҳсуб мешавад. Равобити фарҳангӣ ва иқтисодии ду кишвар бавижа дар солҳои ахир густариши чашмгире доштааст. Тунели "Истиқлол", ки марказ ва шимоли Тоҷикистонро ба ҳам муттасил мекунад, ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" аз муҳиммтарин тарҳҳое маҳсуб мешаванд, ки бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон анҷом мешаванд.

 

Мақомоти тоҷику эронӣ як моҳ пеш дар ҳаштумин ҷаласаи кумисиюни муштараки иқтисодии ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки дар оянда як корхонаи семент бо зарфияти 2 милюн тун дар сол ва бо сармояи 300 милюн дулор аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон бунёд кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/iqtisod/3568-2010-11-14-08-46-18.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ