Доир ба заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парламент ва рушди инноватсия: заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳамоиш таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025–2030» доир карда шуд.
Азиз Гиёзода таъкид кард, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унсури муҳимми рушди иҷтимоию иқтисодӣ табдил ёфта, то соли 2030 саҳми технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 60 дарсад хоҳад шуд. Инчунин зарурати такмили қонунгузорӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармояи нав ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ гардиданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳаммадулло Шерализода нақши парламентро дар ташаккули муҳити мусоид барои инноватсия ва рақамикунонӣ муҳим хонд. Таъкид шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо ворид намудани технологияҳо нест, балки талаб менамояд, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инфрасохтори техникӣ ба таври ҳамоҳанг рушд ёбанд.
АМИТ «Ховар»
















