23:40:27 19-уми Апрели 2025 сол

Дар шаҳри Хива ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд

15 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

5 tajikistan uzbekistan 785452121Қабл аз оғози ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз мавзеъҳои таърихӣ, ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва сайёҳии шаҳри Хива боздид намуда, бо ёдгориҳои таърихии Ичан-Қалъа, Қасри Нуриллабой, маркази сайёҳии Арда ва намунаҳои хурокҳои миллию мардумии Узбекистон шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, шаҳри Хива яке аз шаҳрҳои қадимии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор рафта, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии он асрҳои гуногунро фаро мегиранд.

Сипас, дар шаҳри Хива таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ҳар ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев — ҳамкории стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир бо суръат рушд мекунад.

Аз натиҷаи гуфтушунидҳои судманд, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор гардиданд, роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ ба сатҳи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд доданд.

Дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, нақлиёт, гумрук, маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариш ва истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда дар раванди ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ санади дахлдор ба имзо расонида шуд.

Дар кори ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду давлат иштирок намуданд.

www.khovar.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ