02:12:51 02-уми Июли 2025 сол

Оғози Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025

12-13 апрели соли 2025 бо иштироки Аълоҳазрат Императори Ҷопон, Сарвазири Ҷопон, Котиби генералии Бюрои намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагони воломақоми ҷопониву хориҷӣ, Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 таҳти шиори "Тарҳрезии ҷомеаи оянда барои мо" кори худро шурӯъ кард.

1 expo tajikistan 1245874545Дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон павилиони худро бо шиори "Пиряхҳо ва сарчашмаҳои обӣ - барои наҷоти ҳаёт ва ояндаи устувор" бо дарназардошти иқдом ва ташаббусҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ ташкил намудааст.

Гӯшаи Тоҷикистон бо тарҳу ороиши миллӣ омода гардида, дар он маълумот оид ба захираҳои обӣ, пиряхҳо ва мавзеъҳои мухталифи кишвар ба маърази меҳмонон ва тамошобинон пешкаш гардидааст.

Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон намунаҳои маъданҳои табиӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кандакорӣ, сангҳои ороишӣ, маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, обҳои минералӣ, асал ва меваҳои хушки ватанӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Яке аз қисмати диққатҷалбкунандаи гӯшаи Тоҷикистон ин амсилаи пиряхи "Ванҷях" (Федченко) ба ҳисоб меравад.

Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 аз 13 апрел то 13 октябри соли 2025 идома хоҳад ёфт ва Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур 27 июни соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

www.mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ