Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург боз ҳам суръат мегирад
То баргузории яке аз бузургтарин рӯйдодҳои ҷаҳони сиёсат ва тиҷорат – 26-умин Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҳамагӣ рӯзҳои башумор боқӣ мондааст.
Мисли ҳама чунин чорабиниҳои дастаҷамъӣ, форум ҳангоми паҳншавии густурдаи COVID-19 аз бӯҳрон наҷот ёфт ва соли гузашта баъзе намояндагони кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифтанд, ки аз ширкати анъанавии худ дар форум ба далели низоъ миёни Русия ва Украина даст кашанд.
Аммо ба гуфтаи созмондиҳандагон, соли гузашта дар ин ҳамоиш беш аз 14 ҳазор нафар аз беш аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Дар вохӯрии асосӣ президенти Русия В. Путин, президенти Қазоқистон К.-Ж. Тоқаев, раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ширкат варзиданд. Намоиши хеле таъсирбахш! Ва имсол созмондиҳандагони чорабинӣ ваъда медиҳанд, ки ба нишондиҳандаҳои пеш аз Ковид наздик мешаванд.
Русия Анҷумани байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербургро маҳз ҳамчун як форуми иқтисодӣ ва платформаи тиҷоратӣ муаррифӣ мекунад, ки дар он қарордодҳои бузурги давлатӣ баста мешаванд, шартҳои муомилот байни бузургҷуссаҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ мешаванд ва муносибатҳои тиҷорати қавӣ барқарор мешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар ҳошияи ин ҳамоиш изҳороти зиёди сиёсӣ, умдатан марбут ба сиёсати хориҷии Русия садо медиҳад.
Дар соли 2022, дар ҷаласаи умумӣ, президенти Русия В. Путин нақшаҳои барқарор кардани муносибатҳои мусбӣ бо кишварҳои Африқо ва Ховари Миёнаро эълон карда, дар бораи пурзӯр кардани кор дар долони нақлиётии Шимолу Ҷануб барои эҷоди равобити устувори иртибот бо Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна хабар дод. Тавре имрӯз мебинем, нақшаҳои раҳбарияти Русия амалӣ мешаванд – ахиран Эрон ва Русия эълон карданд, ки дар мавриди бунёди роҳи оҳани Рашт-Астара, ки маҳз нуқтаи калидии масири Шимолу Ҷануб аст, ба мувофиқа расидаанд.
Соли гузашта дар ин форум як ҳайати хеле таъсирбахш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид ширкат дошт. Бино ба хабари матбуоти расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия, ҳайат бо ҳамкасбони хориҷии худ мулоқотҳои судманд анҷом додааст, вале ҷузъиёти он ифшо нашудааст. Шояд ба далели тавсеъаи равобити Тоҷикистону Русия имсол ҳам аз Тоҷикистон як ҳайатро интизор бошем. Дар ҳар сурат, Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург як минбари беҳтарин барои дарёфти сармоягузорон дар бахшҳои мухталифи иқтисод, фароҳам овардани имконоти сайёҳӣ барои кишвар ва макони бастани қарордодҳои калидӣ мебошад.
"Рӯзгор”