05:03:31 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баъзе аз саррофиҳои Душанбе дари худро бастанд

Дар пайи қарори Бонки миллии Тоҷикистон баъзе аз саррофиҳои пойтахт рӯзи сешанбе ба дарашон қуфл заданд.

sarrofho-54451212.jpgРӯзи 1 декабр баъзе аз саррофиҳои шаҳри Душанбе ба дарашон қуфл зада, аз ивази асъори хориҷӣ худдорӣ карданд. Ин тасмим ба дунболи як қарори Бонки миллии Тоҷикистон гирифта шудааст, ки шоми 30 ноябр эълон кард, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар баста шуда, ивази асъори хориҷӣ танҳо дар бонкҳо сурат хоҳад гирифт.

Ин қарори Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ" унвон дошта, ба қавли масъулонаш баъди нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Бар асоси ин қарор аз ин ба баъд сокинон ва соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.

Тайи як моҳи охир қурби доллар ба таври бесобиқа дар кишвар боло рафта, рӯзи гузашта нархи ғайрирасмии он ба 7 сомониву 60 дирам баробар шуд. Бонки миллии Тоҷикистон яке аз сабабҳои боло рафтани қурби долларро "омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи фурӯшандаҳо ва харидорон медонад".

Ин ниҳоди масъули танзими риштаи бонкдорӣ ва бозори асъори Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, ки "ба таҳлукаву тарсу ҳарос наафтода, ба овозаю хабарҳои беасосу бардурӯғ бовар накунанд ва ба қаллобии бархе кормандони нуқтаҳои фурӯши асъор дода нашаванд."

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон аз боздошти 6 корманди нуқтаи мубодилаи асъор хабар дода, онҳоро барои ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши доллар дар баробари пули миллии сомонӣ муттаҳам кард. Мақомоти Бонки миллӣ мегӯянд, ин афрод кормандони нуқтаи мубодилаи асъори"Васлат", "Азизи молия", "Вориси замон" ва "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе буда, боздошташон 27 ноябри соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони додситонӣ сурат гирифтааст.

Дар изҳороти расмии Бонки миллӣ, ки шоми 30 ноябр нашр шуд, гуфта шудааст, "онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин баробар зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул буданд."

Дар моҳи майи соли равон дар пайи як чунин афзоиши босуръати қурби доллару евро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми раҳбарони Бонки миллӣ, бо шумули раиси он ва ҳамаи муовинонашро барканор кард. Раҳбарияти нав дар тӯли чанди гузашта тавонист то ҷое қурби сомониро ба истилоҳ “биқапад.” Вале иқтисоддонҳо мегуфтанд, ҳифзи қурби сомонӣ асосан бо чораҳои маъмурие, чун манъ кардани бонкҳо аз интихоби қурби болотар аз қурби расмӣ, аз бозори асъор рондани саррофони хусусӣ ва амсоли ин ҳосил шудааст ва ин мисли “пуфак”-ест, ки як рӯз метавонад битаркад.

Як моҳи пеш Бонки миллӣ эълон кард, ки ба бонкҳо ҳаққи мустақилона муқаррар кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷиро бармегардонад. Дар пайи ин қурби доллар, ки расман дар ҳудуди 6 сомонию 50 дирам “дармонда” буд, як каме ҷунбид ва дар рӯзҳои аввал ба 6 сомонию 70 дирам ва ҳоло ба 7 сомониву 60 дирам расидааст.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi