18:24:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Бонки Миллӣ тарҳи "Шаҳри оқил"-ро баррасӣ мекунад

Намояндагони "Smart City Technology" мехоҳанд, пойтахти Тоҷикистон ҳам шаҳри "интеллектуалӣ" шавад.

shahri-nav-6545454512.jpgРӯзи 18 август дар мулоқоти муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов бо ҳайате аз ширкати чинии “China Smart City Technology” барномаи бунёди “шаҳри интеллектуалӣ” ё “шаҳри оқил” дар Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ҷим Ние, раиси ширкати “China Smart City Technology” дар мулоқот гуфтааст, ки ширкаташ метавонад, ин барномаи мабнӣ бар фанновариҳои пешрафтаро дар Тоҷикистон амалӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, “шаҳри интеллектуалӣ” мунсаҷим кардани истифода аз низоми бонкии Тоҷикистон ва хадамоти дигаре, чун харидуфуӯш, анҷоми муқаррароти гумрукӣ, воридот ва содироти мол ва амалиётҳои дигари иқтисодӣ тавассути танҳо як корти интеллектуалиро муяссар мегардонад. Раҳбари ширкати марказаш дар шаҳри Шанхай мегӯяд, корти интеллектуаллӣ метавонад ҳамчун ҳуҷҷати ташхискунандаи ҳуввият низ истифода шавад.

Абдуғаффор Қурбонов, раҳбари хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 18 август ба мо гуфт, ин танҳо баррасии муқаддамотии пешниҳоди ширкати Чин буд, ки бояд акнун омӯхта шавад: “Ин пешниҳод ҳоло танҳо дар марҳалаи баррасиҳои муқаддамотӣқарор дорад. Ҷониби ширкати Чин дар мулоқот бо муовини раиси Бонки миллӣ пешниҳодҳои худро дод ва ҷониби Тоҷикистон бояд акнун ин пешниҳодҳоро биёмӯзад. Тасмими ниҳоӣ дар бораи сохтан ё насохтани “шаҳри интеллектуалӣ” дар ҷараёни музокираҳои баъдӣ, дар пайи таҳқиқи пурраи масъала гирифта хоҳад шуд.”

“Шаҳри интеллектуалӣ” ё “шаҳри оқил” шабакаест, ки тамоми низоми шаҳрдорӣ, бо шумули пардохти тамоми хидматҳояш тавассути фановариҳо ва асосан аз тариқи Интернет анҷом мешавад. Ин шабака тамоми маълумот дар бораи ниҳодҳои шаҳрдорӣ, аз ҷумла хадамоти обу газу барқ, мактаб, низоми бонкӣ, тандурустӣ ва соҳоти дигарро дар як махзани умумӣ гирд меорад ва барои ҳар сокини шаҳр ҷиҳати истифода аз ин хадамаҳо ва анҷоми пардохтҳо, аз ҷумла барои супурдани пули газу барқ, як корти алоҳида дода мешавад. Дар ин корт тамоми маълумот дар бораи соҳиби он, аз ҷумла аз кадом идора чӣқадар қарз доштани ӯҷамъ мешавад ва ӯ аз тариқи ин корт метавонад ҳисобу китобашро бо ҳама идораҳо баробар кунад.

Намояндагони ширкати “China Smart City Technology” мӯътақиданд, ки бунёди “шаҳри интеллектуалӣ” дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон кори ниҳодҳои бонкиву шаҳрдориро хеле сабуктар мекунад ва барои сокинон ҳам хуб аст, чунки лозим нест, ки онҳо соатҳои тӯлониро дар навбатҳо барои пардохтани пули барқ ё газ харҷ кунанд, балки метавонанд бо як клик дар Интернет аз тариқи корти интеллектуалӣ ин корро анҷом диҳанд. Аз тарафи дигар, бунёди “шаҳри интеллектуалӣ” заминаро барои фасод ва тамаъҷӯии мансабдорон хеле камтар мекунад, чунки зарурати тамоси мустақими корафтода бо масъул аз байн меравад.

Аммо Абдуғаффор Қурбонов мегӯяд, бархе паҳлуҳои ҳанӯз норӯшани ин пешниҳод бояд дар ҷараёни музокироти баъдӣ рӯшантар карда шаванд: “Инки оянда ироаи хадамоти шаҳрӣ бояд аз тариқи фанновариҳо анҷом шаванд, ҷои суол надорад. Аммо бояд баъзе масъалаҳоро рӯшан кунем. Аз ҷумла инки оё бунёди “шаҳри интеллектуалӣ барои Тоҷикистон чанд пул тамом мешавад ва пули онро кӣ хоҳад дод? Ин масъалаҳо дар оянда баррасӣ хоҳанд шуд.”

“Шаҳри интеллектуалӣ” дар ҳоли ҳозир дар чандин кишвари дунё, аз ҷумла дар шаҳрҳои аҳолиашон аз 30 миллион бештари Чин озмоиш шудааст ва ба гуфтаи ҳайъати Чин, дар назар аст, ба зудӣ беш аз 300 шаҳр дар он кишвар соҳиби чунин “шаҳри оқил” бишаванд. Дар Русия ҳам тарҳи “шаҳри оқил” дар 3 шаҳр – Маскав, Қазон ва Сколково – “пойтахти нанотехлогӣ”-и он кишвар мавриди озмоиш қарор дод.

Аммо то кунун дар ягон шаҳри Осиёи Марказӣ бунёди “шаҳри интеллектуалӣ” таҷриба нашудааст. Вале Ҷим Ние, раҳбари ширкати “China Smart City Technology” дар мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки Тоҷикистон бо даст ёфтан ба ин фанноварии пешрафта “метавонад маркази асосии рушди ин технология дар минтақа гардад.”

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi