20:05:57 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

IMF: Ба Тоҷикистон қурби озод ва “раҳоӣ” аз пули муҳоҷирон зарур аст

Бунёди байнулмилалии пул ё IMF мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон зери таъсири бӯҳрони Русия осебпазир аст ва чораҳои фаврӣ ниёз дорад.

puli-muhojiron-98564521.jpgБунёди байнулмилалии пул (IMF) дар гузориши нави худ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон зери таъсири бӯҳрони Русия ва коҳиши нархи пахта ва алюмин ба ҳолати осебпазирӣ афтода, рушди қавӣ ва коҳиши фақре ки дар як даҳаи гузашта дошт, зери суол бурдааст. Ҳарчанд феълан вазъи молиявии Тоҷикистон наздик ба шохисҳои солҳои гузашта боқӣ монда, сатҳи қарз ба андозаи кофӣ паст аст, фазои молиявӣ дар баробари пардохти афзояндаи қарзҳо маҳдудтар мешавад.

Ба ақидаи Шӯрои иҷроияи IMF Тоҷикистон ҳоло бояд фавран монеаҳои рушдро бо ислоҳоти сохторӣ аз миён бардорад, сармоягузориҳо пуштибонӣ кунад, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад ва бо ин роҳ ба таконҳои эҳтимолан дарозмуддати иқтисодиеро, ки дар пешорӯи минтақа ҳастанд, расидагӣ намояд. Хатари камтарин дар ин росто коҳиши рушди бозор ва беэътидолӣ дар бахше аз минтақа аст. Хатари афзоянд рангорангӣ ё танаввуъ дар заминаи робитаҳои қавитари иқтисодӣ бо Чин, дастрасии афзоянда ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ ва эҳтимоли кашфи гази табиӣ барои тиҷорат аст.

Рушди Маҳсулоти нохолиси миллӣ аз 7,4 дарсади соли 2013 ба 6,7 дарсад поин омад. Рушд дар соли 2014 асосан аз густариши тези бинокорӣ ба даст омад, дар ҳоле ки хадамоти марбуд ба “пули муҳоҷирон” ва соҳаи кишоварзӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтанд. Дар соли 2015 пешбинӣ мешавад, ки рушди иқтисодӣ дар заминаи коҳиши долларҳои амрикоии муҳоҷирон ба 3 дарсад кам хоҳад шуд. Таварруми солона дар ду соли гузашта мӯътадил буд ва байни 3.5 то 7,5 қарор дошт. Ин бозтоби нархҳои муносиби ғизо ва сӯхти воридотӣ ва ҳам қурби нисбатан мӯътадили пул дар соли 2014 буд.

Аммо муҳити беруна бадтар шуд. Коҳиши “пули муҳоҷирон” ва содирот дар якҷоягӣ бо харҷи яксони воридот дар заминаи қурби нисбатан қавии сомонӣ касри буҷаро аз 3,3 дарсади солҳои 2011-13 то 9 дарсади Маҷмуи нохолиси маҳсулоти миллӣ расонд. Сомонӣ дар муқобили доллар бохт ва қатъи назар аз талошҳои ҳифзи қурби он таваррум дар соли 2015 мумкин аст ба адади дурақама баробар гардад.

Мудирони иҷроияи Бунёди байнулмилалии пул аз рушдимуҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои гузашта истиқбол мекунанд, аммо мебинанд, ки коҳиши талаботи беруна ва “пули муҳоҷирон” осебпазирии кӯтоҳмуддатро афзоиш додаанд. Биноан, онҳо аз ҳукуматиТоҷикистон тақозо доранд, ки монеаҳои беруна ва молиявиро ба хотири рушди миёнадаврӣ аз байн баранд.

Шӯрои мудирон бар ин аст, ки барои ҳифзи захираҳои давлатӣ ва асли рақобат қурби фарохтар ва тағйирпазири сомонӣ зарур аст. Онҳо аз мақомоти тоҷик даъват мекунанд, ки марзҳои расмии табодули асъорро, ки ба таври маъмурӣҷорӣ мешаванд, аз байн баранд ва мудохиларо ба бозори пули хориҷӣ ба андозае кам кунанд, ки танҳо аз ҷаҳишҳои беш аз ҳад пешгирӣ намояд. Мудирон инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, мудирияти захираҳоро, аз ҷумла бо афзоиши дороии пулӣ ва тилои бонки марказӣ беҳтар кунанд.

Бунёди байнулмилалии пул ҳамчунин аз талошҳои мақомоти Тоҷикистон барои тақвияти сиёсати пулӣ дар ҳоли афзоиши фишори таваррум ҳимоят карда, аммо хостааст, бонки марказӣ бояд танҳо аз бонкҳое пуштибонӣ кунад, ки мавозуни қавӣ ва захираҳои кофӣ доранд ва ба ҳолати омодагии онҳо ба бӯҳрон бештар аст.

Шӯрои мудирон Тоҷикистонро ба ислоҳоти ҷасуронаи сохторӣ даъват кардааст, то модели нави рушдро амалӣ намояд. Ин нукта ҳамчунин ба ширкатҳои зери назорати давлат рабт дошта, чораҳои таҳкими зербино, густариши маърифати молиявии аҳолӣ, боз кардани фазои бештари сармоягузорӣ ва коҳиши вобастагии кишвар аз “пули муҳоҷирон” ҳамчун “мотор”-и иқтисодиёт дар назар дорад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi