00:49:22 10-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Апрел 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БӮҲРОНИ МОЛӢ: ҲАР СЕВУМИН МУҲОҶИР БЕКОР МОНДААСТ

 

Бар асоси як назарпурсӣ дар миёни муҳоҷирони корӣ мушаххас шудааст, ки ҳар севумин муҳоҷири кории тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ осеб дидааст. Маркази мутолеъотии "Соцсервис" дар миёни шаш ҳазор нафар аз муҳоҷирони корие, ки аз моҳи октябри соли гузашта то имрӯз ба ватан бозгаштаанд, назарпурсие анҷом додааст.

Бар асоси натоиҷи ин назарпурсӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 3 июн дар як ҳамоиши намояндагони созмонҳои марбут ба муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муъаррифӣ шуд, 36 дарсади ин муҳоҷирон гуфтаанд, ки бар асари бӯҳрони молӣ машоғили худ дар кишварҳои хориҷиро аз даст додаанд. 

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси ин марказ, гуфт, ки 44 дарсади муҳоҷирони пурсидашуда мегӯянд дар садад ҳастанд, ки ба Русия ва кишварҳои дигар, ки пештар дар он ҷоҳо кор мекарданд, бозгарданд.

Оқои Куддусов афзуд: "Ин назарпурсиро мо бо дархости Вазорати шуғл ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон анҷом додем. Бештари афроди пурсидашуда мегӯянд, ки ба сабаби бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ва кам шудани мизони сармояе, ки ба даст меоранд, ба ватан бозгаштаанд. Аз шаш ҳазор фарди пурсидашуда 76 дарсад мегӯянд, ки тасмим доранд шаҳрвандии Русияро ба хотири таъмини ҳуқуқи бознишастагӣ ва рафъи мушкилоти иқомат дар он кишвар дарёфт кунанд." 


Бозгашти муҳоҷирон


Ҳарчанд омори дақиқе дар мавриди теъдоди муҳоҷирони корие, ки бар асари бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бозгаштанд, дар даст нест, аммо бар асоси омори ғайрирасмӣ аз оғози замони таъсири ин бӯҳрон бар вазъи иқтисодии Русия ва дигар кишварҳо аз 25 то 30 дарсади муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба ватан бозгаштаанд. Бар асоси арзёбиҳои бархе аз коршиносони иқтисодӣ ин омор дар ҳоли афзоиш аст.

Аммо Музаффар Зарипов, як масъули Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ахиран ҷараёни бозгашти муҳоҷирон ба ватан коҳиш ёфтааст. 

Оқои Зарипов афзуд: "Мо аз он нигарон будем, ки теъдоди бештари муҳоҷирон дар асари бӯҳрон ба Тоҷикистон бозхоҳанд гашт. Аммо теъдоди зиёде аз онҳое, ки ҳатто машоғили худро аз даст додаанд, дар Русия мондагор шудаанд. Аз суҳбат бо иддае аз ҷавонон дар Русия чунин бармеояд, ки онҳо аз бими хидмати низомӣ дар артиш ва пайдо накардани сармоя барои рӯзгор аз бозгашт ба ватан худдорӣ кардаанд."

Оқои Зарипов афзуд, ки бештари ин ҷавонон дар Русия бо корҳои мавсимӣ ё якрӯза машғул ҳастанд.


Замин ба муҳоҷирон


Дар ҳамоиши рӯзи чаҳоршанбе намояндагони Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон гуфтаанд, ки барои 200 муҳоҷири бозгашта ба Тоҷикистон замин ҷудо кардаанд. Мақомот дар садад ҳастанд, ки ба ин иқдом идома диҳанд. Субҳон Ашуров, муъовини ин вазоратхона, мегӯяд 40 дарсади муҳоҷироне, ки ахиран ба ватан бозгаштаанд, гуфтаанд, ки то поёни бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд ва сипас дубора ба Русия ва кишварҳои дигар хоҳанд рафт. Ба гуфтаи оқои Ашуров, барои таъмини ҷойи кор ва манбаъи даромад барои муҳоҷирони бозгашита мақомот ба теъдоде аз онҳо барои фаъолиятҳои кишоварзӣ замин хоҳанд дод. Аммо Қарчӣ Каримов, коршиноси иҷтимоъӣ мегӯяд, ки таъмини замин барои куллияи муҳоҷирони бозгашта дар шароите ки заминҳо аз муддатҳо қабл дар Тоҷикистон тақсим шуда буд, ғайримумкин аст.

 

Ба гуфтаи оқои Каримов, таҷрубаҳои қаблӣ дар Тоҷикистон дар заминаи тақсими замин барои мардум номуваффақ ба поён расида буд. 

Вай афзуд: "Мо дар мавриди таъсиси 150 ҳазор ҷойи кор барои муҳоҷирон ҳарф мезанем, ки иҷрои ин иқдом низ ба ақидаи ман душвор хоҳад буд. Зеро бар асари бӯҳрони молӣ ҳафтсад милюн сомонӣ аз буҷети давлат коҳиш ёфтааст ва буҷети сохтмонҳои бузург ҳам коҳиш ёфтааст. Пас дар ин маврид мо чи тавр метавонем ҷойҳои кори тоза созмон диҳем?"

Бо вуҷуди баргузории нишастҳои мухталиф барои ҳалли масоили муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон, гузоришҳо ҳокист, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, бавижа дар Русия, ҳамчунон бо мушкилоти фаровоне, аз ҷумла адами амнияти иҷтимоъӣ, рӯбарӯ ҳастанд.

 

Дар ҳамин ҳол, аз суҳбат бо баъзе муҳоҷироне, ки ахиран аз Русия бозгаштаанд, чунин бармеояд, ки бештари онҳо омодаанд дар Тоҷикистон кор ва фаъолият кунанд, бавижа онҳое, ки бузургтар аз 30 сол доранд ва мегӯянд, ки аз зиндагӣ дар ғурбат хаста шудаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, ба далели ин ки дар ватан машоғилеро, ки тавони таъмини рӯзгорашонро дошта бошад, пайдо намекунанд, онҳо водор мешаванд, ки дубора ба кишварҳои хориҷӣ бозгарданд.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi