Муаррифии минтақаи озоди Суғд дар Ароки Эрон
Дар шаҳри Арок-маркази устони Марказии Эрон Форуми соҳибкорӣ баргузор гардид,ки дар он зарфиятҳо ва потенсиалҳои минтақаи озоди Суғд муаррифӣ гардиданд. Дар ин форум, ки бо даъвати Утоқи бозаргонии Арок баргузор гардид, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон - Неъматулло Эмомзода, Раиси минтақаи озоди Суғд Фирдавс Алимов ва мудири шӯъбаи сармоягузориҳои хориҷӣ Мирзоманнон Мирзоолимов ширкат доштанд.
Дар ҳошияи ин барнома Н.Эмомзода зимни боздид аз тавонмандиҳои шаҳри Арок бо Ҳасани Бегӣ-устондори устони Марказӣ, муовинони вай ва Муҳаммадризо Ҷаъфарзода-Раиси утоқи бозаргонӣ, саноеъ ва маъдани устон дидор намуда, дар бораи заминаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар ба баҳсу гуфтугӯ пардохт.
Ҳамчунин, ҷаласаи коргурӯҳи тавсеаи содироти устони Марказӣ бо иштироки ҳудуди 50 нафар аз мудирони иқтисодии устондорӣ, раисони ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ барпо шуд, ки дар он масъалаҳои умдаи беҳтар кардани равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии дуҷониба мавриди баҳсу музокира қарор гирифтанд. Муҳаммадризо Ҷаъфарзода - Раиси утоқи бозаргонии Арок ба таври мухтасар зарфиятҳои устони Марказӣ ва шаҳри Арокро муаррифӣ намуд.
Ҷаъфарӣ аз ҷумла қайд кард, ки Арок потенсиалҳои зиёд дорад, барои мисол шаҳристони Дилиҷон бо маҳсулоти пушиши бом (изугом), шаҳристони Маҳаллот бо парвариши гулу гиёҳ ва худи шаҳри Арок бо корхонаи алюминии Арок маъруфият дошта, илова намуд, ки ин устон бо вижагиҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, қарор гирифтан дар шоҳроҳҳои иртиботии шимол ба ҷануб ва шарқ ба ғарб, рутбаи аввали тарокуми саноатӣ ва қутби иқтисодии кишвар будан машҳур аст ва дар ин замина имкониятҳои фаъолтар шудани табодули иқтисодии Арок бо Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Сарпарасти устон Ҳасани Бегӣ изҳор дошт, ки “Давлати тадбир ва умед”-и Ҳасани Рӯҳонӣ беҳтар шудани равобит бо дунё ва кишварҳои гуногунро сарлавҳаи кори сиёсии худ эълом доштааст, бахусус бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа. Ин стратегия тавассути утоқи бозаргонӣ пайгирӣ мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти фаровони фарҳангӣ байни ҶТ ва ҶИЭ боздиди сафирон метавонад муқаддимаи фаъолтар шудани ҳамкорӣ байни кишварҳо гардад. Дар ин замина, Ҳ.Бегӣ пешниҳод кард барои пайгирии масъалаҳои матраҳшуда, миёни устони Марказӣ ва Тоҷикистон як гуруҳи корӣ ташкил шавад. Дабирхонаи ин гуруҳи корӣ дар утоқи бозаргонӣ таҳти сарпарастии Раиси утоқи бозаргонии Арок М. Ҷаъфарӣ ташкил дода шавад.
Сафири Тоҷикистон дар бораи се ҳадафи асосии стратегии ҶТ ва фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон маълумоти муфассал ироа намуда, ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба пружаҳои ҶТ ва шароити гумрукӣ, андоз ва имтиёзҳои ҷумҳурӣ барои сармоягузорони хориҷӣ посух дод.
Мулоқот дар фазои гарму самимона баргузор гардид.
Шоҳмансури Шоҳмирзо,коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО)