01:07:56 11-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Зӯрозмоиҳои юан бо рублу доллар дар бозори Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон нақша дорад, имкониятҳои ҷойгузини доллар кардани юан дар амри тиҷорат бо Чинро баррасӣ кунад.

dollar-youan_454545.jpgТоҷикистон низ андак-андак майдони “пулҷанг” хоҳад шуд. Ин ҳолатро иқтисодшиноси тоҷик Акбар Субҳонов “ҷанги асъор” меномад, яъне ҳолате ки доллари амрикоӣ, евро, рубли русӣ ва юани Чин барои ҷойгоҳи беҳтар бо ҳам задухӯрд мекунанд. “Вазифаи кишвар ин аст, ки сомонӣ дар ин кашокаш “зери даступо” намонад ва иқтисоди кишвар худро вобастаи танҳо як навъи пул накунад,” -  мегӯяд ин корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод, демография ва молияи Академияи улуми Тоҷикистон.

Ба ақидаи ҳамсӯҳбати мо, нақшаи Бонки миллии Тоҷикистон барои истифода аз юан дар додугирифт бо Чин тарҳи нек аст, зеро харҷи табдили сомонӣ ба доллар ва сипас доллар ба юанро барои тиҷорат бо Чин 2-3% камтар мекунад. “Ин ба манфиати Тоҷикистон аст, вале бештар ба суди стратегии Чин, ки мехоҳад, юанро ба пули байнулмилалӣ табдил диҳад,” - мегӯяд Акбар Субҳонов.

Эълони раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ширинов, дар бораи густариши додугирифти бонкҳои Тоҷикистон ва Чин гуфтугӯҳои наверо аз афзоиши нақши юан ба миён овард. Эҳтимоли истифода аз пули Чин дар тиҷорат бо Тоҷикистон ҳанӯз моҳи августи соли 2013 дар дидори ҷаноби Ширинов ва сафири Чин Фан Сянҷуан садо дода буд. Ба навиштаи матбуот ин бештар пешниҳоди Чин аст, то Душанбе.

Сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, Абдуғаффор Қурбонов рӯзи 23-юми феврал ба мо гуфт: “Имкон дорад, ки дар оянда гуфтушунидҳо дар ин бора шурӯъ шаванд ва роҳи ҳалли масъала бо назардошти манфиатҳои тарафайн баррасӣ гардад.”

Чунин пешниҳодро Чин ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кардааст ва он ҳанӯз соли 2011 барномаероқабул кард, ки бино бар он истифодаи юан дар хориҷ аз Чин бояд густариш ёбад. “Financial Times” менависад, юан дар соли 2014 яке аз панҷ пули асосии ҷаҳон шуд.

ҲАРАКАТИҶАҲОНГИРИИ ЮАН

Тоҷирони маводи мухаддир пули “мол”-и худро бо доллар мегиранд, ҳатто ҷиҳодиёни “Давлати Исломӣ”, ки худро душмани Амрико меноманд, барои раҳоии гаравгонҳо доллар талаб мекунанд ва дар Русия, чун рубл фурӯ меравад, ҳама доллар мехаранд. Ақидае мавҷуд аст, ки аз чор се ҳиссаи 100-доллариҳои Амрико берун аз Амрико мечарханд.

Барои тоҷирони амрикоӣ ин ҳолат хушоянд аст, зеро ғами харҷи табдили пул ё бозҳисоби худро бо қурбҳои дигар намехӯранд. Президенти пешини Фаронса Шарл де Голл густардагии долларро дар замонаш “имтиёзи газоф” номида, мехост, франкро ҷойгузини он кунад. Ҳоло ҳамтои руси ӯ Владимир Путин мехоҳад, долларро аз Русия ронад. Юан, ки дар сари теппа ин кашокашро мушоҳида мекард, бар ин аст, ки фурсаташ фаро расидааст.

Чин мехоҳад, “имтиёзи газоф”-ро аз дасти Амрико гирад. Ин ба Пекин имкон хоҳад дод, дигар ба захира кардани асъори гуногун барои ҳисбобаробаркуниҳо таваҷҷӯҳ надиҳад ва низоми молиявии худро ба дигарон бор кунад.

Профессор Ю Йонг Дин - яке аз мутахассисони саршиноси Чин ва узви пешини кумитаи сиёсати монетарии бонки марказии ин кишвар ба хабарнигори “Business Spectator” Питер Чай гуфтааст, ки “корбурди васеъи пули Чин дар тиҷорати наздимарзӣ ва сармоягузориҳо дар асл талоши Пекин ба берун шудан аз назорат бар гардиши сармоя аст, ки то ҳоло, ба некӣ ё бадӣ, Чинро аз осебпазирии молиявии ҷаҳон эмин доштааст.”

Ба ақидаи Дин, раванди байнулмилалӣ шудани юан аз бозорҳое сар шудааст, ки шаффоф ва қавӣ нестанд. Аз ин байн ӯ танҳо қарордоди Чин бо Австралияро бобати истифодаи асъори ду кишвар дар тиҷорати байниҳамӣ пешрафт номидааст.

Омодагиҳои Тоҷикистон ба баррасии пешниҳоди Чин дар ҳоле садо медиҳад, ки Бонки Марказии Русия ва Бонки Мардумии Чин қарордоди додугирифт бо асъори миллии ҳамдигарро омода кардаанд. Никита Масленников, сардори бахши молия ва иқтисод дар Пажӯҳишгоҳи рушди муосир дар Маскав мегӯяд, “ин созишнома дар ҷои холӣ пайдо нашудааст, зеро аз соли 2007 ба ин сӯ дар бархе аз додугирифтҳо рубл ва юан ба кор рафтаанд. Ҳаҷми гардиш дар ибтидо ночиз буд, вале ҳоло ба миллиардҳо рубл ва юан расидааст.”

Ба ақидаи коршиноси масъалаҳои иқтисодии мо, Сергей Сенинский, “ҳаҷми тиҷорат байни Тоҷикистон ва Чин чандон бузург нест, ки гузори онҳо ба ин ё он асъор ба пули байнулмилалӣ таъсир расонад, вале бешубҳа, он ба манфиати ширкатҳои чиноӣ хоҳад буд, ки дар чунин ҳолат бар рақибони худ дар ин бозори кӯчак дастболо хоҳанд шуд, зеро онҳо аз ҳама гуна шебу фарозҳои қурби пул эмин хоҳанд буд.”

СОМОНӢ ДАР МИЁНИ ЧАҲОР ДАРЁ

Чинро баъд аз Русия шарики дуюми тиҷоратии Тоҷикистон меноманд. Вале иқтисоддони саршиноси тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, бовар дорад, ки Чин кайҳо ба шарики шумораи аввали Тоҷикистон табдил шудааст. “На ҳамаи додугирифт ва сармоягузориҳо вориди омор мешаванд ва биноан, ҳарчанд Русия, аз рӯйи омор дар ҷойи аввал аст, кайҳо ин ҷоро Чин гирифтааст.”

Бо назардошти ин, профессор Умаров, нақшаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба истифодаи юан ва сомонӣ дар додуситад “иқдоми дуруст ва мусбат” меномад. Аммо мегӯяд, нахуст бояд низоми ин раванд ба таври комил ва бо хурдтарин ҷузъиёташ омода гардад. “Беҳтарин роҳ ин аст, ки Бонки Миллии Тоҷикистон як гурӯҳи коршиносонро барои таҳияи чунин тарҳҷалб намояд, то санадҳое омода шаванд, ки манфиатҳои Тоҷикистонро ҳимоят кунанд ва кишвар иштибоҳан ба чоҳи молиявӣ наафтад.”

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, бовар медиҳад, ки дар ҳама ҳолат манфиатҳои кишвар дар сафи аввал қарор хоҳанд дошт: “Мо бояд бо сабақ аз таъсири бӯҳронҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳримҳои зидди Русия ба вазъи худ коре кунем, ки дар оянда зарари камтар бинем. Бино бар ин раванди мазкур барои мо шабеҳи дарёфти бозори нав барои тақвияти манфиати кишвар, асъори миллӣ ва мардум аст.”

Вале ба диди иқтисодшиноси тоҷик Акбар Субҳонов, Тоҷикистон аввал “бояд бо истифода аз ҳамаи захираҳои мавҷуда вартаи байни воридот ва содиротро коҳиш диҳад ва тавонад, ки ба Чин низ моле пешниҳод кунад, ба монанди алюмин, фаразан. Алҳол Чин аз Тоҷикистон асосан баъзе маъданҳо мегирад ва Тоҷикистон аз тиҷораташ бо Чин суди зиёд намебинад. Сипас, қарзҳо ва сармоягузориҳои Чин ҷойгоҳи бузург доранд, ки низ ба онҳо бояд расидагӣ шавад.”

Манзур ин аст, ки сомонӣ набояд танҳо вобастаи юан шавад, балки ҳамаи пулҳои ҷаҳониро дар ҳолати сулҳ бо худ нигоҳ дорад. “Чаро рубл ба ҳолати душвор рӯбарӯ шуд, зеро пойбанди нафт буд ва нафт ҳам пойбанди доллар. Бо афтодани нархи нафт, доллар боло рафт ва рубл фурӯ афтод.”

Ба ақидаи Субҳонов, қарзҳое, ки Тоҷикистон аз Чин дар шакли доллар гирифтааст, ҳоло барои Душанбе ҳамон нақши нафт барои Русияро мебозанд. Аммо нуктаи манфие, ки ин коршинос ба он таъкид мекунад, осебпазири сомонӣ дар баробари юан хоҳад буд.

Ин ҳам дар ҳоле ки қурби юанро ҳукумати Чин муайян мекунад ва ҳарчанд дар даҳ соли охир ин қурб нисбатан мӯътадил будааст, рӯзи воқеа ё пешомади дарозмуддатро касе ҳадс зада наметавонад. Ба вижа, ки 17 триллион доллари Амрико низ дар дасти Пекин аст.

Бино бар созишномаҳои ахир, гардиши мол байни Чин ва Тоҷикистон то соли 2020 ба 3 миллиард доллар хоҳад расид ва дар се соли оянда Пекин ба иқтисоди Тоҷикистон 6 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.

“Аз ин арқом набояд тарсид, - мегӯяд профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, - фақат бояд талош кард, ки сармояи Чин на барои хариди маводи истеъмолии Чин, балки барои бунёди корхонаҳои нав ва бозсозии корхонаҳои куҳнаи тавлидотӣ ва овардани фанновариҳои нав харҷ шуда, иқтисоди кишварро рақобатпазир гардонад. Дар он ҳолат мешавад, аз фишори юан наҳаросид.”

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi